Кӯлоб. Ҳоли ногувори «Хатлон»

№95 (4357) 22.07.2021

davТирезаҳои шикаста, ҳуҷраҳои ба талаботи рӯз ҷавобгӯнабуда, таҷҳизоти корношоям, набудани системаи обу ташноб аз мушкилоти КВД меҳмонхонаи «Хатлон» маҳсуб мешавад. Он аз берун намои зебо дорад. Мутаассифона, дохили бино, аниқтараш ҳуҷраҳояш, ба талабот ҷавобгӯ нест.

Директори меҳмонхона Шералӣ Қурбонов изҳор дошт, ки он ба таъмир ниёз дорад.

- Аз моҳи августи соли 2020 директор таъин гардидам. Иншоот умуман об надошт, аз ошёнаи якум обро бо сатил меоварданд. Қубур харидорӣ карда, таъмир кардем. Соли ҷорӣ ба раиси шаҳри Кӯлоб мактуб навиштем, то аз буҷети шаҳр маблағ ҷудо намояд. Раис ба мактуб ҷавоби мусбат гардонид ва онро ба сардори Раёсати молияи шаҳр пешниҳод намудем. Сардори Раёсати молия Баҳриддин Султонов мегӯяд, ки дар буҷет маблағ нест.

Доир ба мушкилоти ҷойдошта ва бо кадом сабаб аз буҷети шаҳр ҷудо нагардидани маблағ бо сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Баҳриддин Султонов, ҳамсуҳбат шудем. Номбурда зикр кард, ки меҳмонхонаи «Хатлон» худ­хизматрасон аст. Ба ибораи дигар, он дар тавозун нест, лекин то ҳол ба мо ягон кас на мактуб кардаасту на муроҷиат. Агар муроҷиат ҳам кунанд, дар буҷет маблағ надорем.

Хунукназарии масъулон нисбат ба иншооти давлатӣ то кай идома меёфта бошад?

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»