Кӯлоб. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

№32 4294 09.03.2021

Соли 2020 аз минтақаи Кӯлоб ба дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар 171 ҳазору 77,6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.

Бино ба иттилои  муовини сардори Раёсати кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб Аюбҷон Қурбонов, аз маҳсулоти содиротшуда 8 ҳазору 230 тонна  пиёз, 3 ҳазору 485 тонна мева, 3,2 тонна полезӣ, 3035 тонна ангур ва 1696,6 тонна дигар намуди маҳсулот мебошад. Дар маҷмӯъ, маҳсулоти содиротгашта 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони минтақа соли гузашта дар майдони 91 ҳазору 176 гектар ғалладонагӣ, кишт карданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба панҷ миллиарду 893 миллиону 635,6 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 462 миллиону 776,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин, кишоварзон дар майдони 3,5 гектар гармхона бунёд карда, дар он 0,82 гектар помидор, 0,96 га бодиринг ва 1,7 гектар дигар намуди сабзавотро кишт намуданд ва 18,2 тонна помидор, 21,6 тонна бодиринг ба даст оварданд.

Соли 2020 дар майдони 936,6 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 259 гектар боғу токзори куҳна барқарор гардид.

И. РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»