КӮЛОБ. СОХТМОНИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ ВА КОРХОНАИ ХУРДИ САНОАТӢ

№ 21.10.2024

КУЛОБ ИСЛОМ 100924 (1)Дар доираи таҷлил аз Ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ майдончаи варзишии футбол ва ҳавзи шиноварӣ бо шароитҳои муосир сохта ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим иштирок намуданд.  

Атрофи майдончаи варзиш бо баландии 6 метр панҷарабандӣ шуда, бо чароғҳои равшанидиҳанда таъмин шудааст.

Ҳамчунин, дар ҳамин деҳот ба муносибати ҷашни таърихӣ корхонаи коркарди сангу шағал мавриди истифода қарор дода шуд, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Зимни ифтитоҳи корхона изҳор гардид, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ дар таъсиси коргоҳу корхонаҳои саноатӣ назаррас буда, бо ин роҳ метавонанд сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин намоянд.

КУЛОБ ИСЛОМ 100924 (2)Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти мазкур аз ҷониби ҶДММ «Хосор — С»  дар майдони 7,5 га сохтмони корхонаи коркарди хишти пухта оғоз гардидааст. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз 50000 дона хишти пухта буда, баъди пурра ба кор даромадан дар назар аст, ки 27 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гарданд.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»