Кӯшониён калонтарин ноҳияи вилояти Хатлон ба шумор меравад. Иҷрокунандаи вазифаи раиси он Икромиддин Вализода гуфт, ки сокинони ноҳия бо дилгармӣ ва умеду боварии зиёд ба ояндаи нек неруяшонро баҳри ободии Ватан равона намудаанд. Натиҷаи ин аст, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ нақшаи ҷамъоварии андоз 100,3 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 34 миллиону 494 ҳазору 70 сомонӣ ворид гардид. Қисми хароҷоти буҷет бошад, 92,3 фоиз таъмин гардида, 59 миллиону 412 ҳазору 380 сомонӣ харҷ шуд. Музди меҳнати кормандон ва нафақахӯрон пурра пардохт гардид.
Истеҳсоли маҳсулот ба 845 миллиону 911 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 миллиону 567 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолшуда 653 миллиону 299 ҳазору 400 сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 127 миллиону 136 ҳазору 500 сомонӣ — саноат ва 58 миллиону 327 ҳазору 100 сомонӣ ба сохтмон рост меояд.
Хоҷагиҳои пахтакор соли ҷорӣ дар 11 ҳазору 300 гектар пунбадона кишт намуда, то 10 ноябри соли равон 25 ҳазору 11 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 100,4 фоизи супоришро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 3 ҳазору 768 тонна зиёд мебошад.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми мардум ва соҳибкорон, сохтмони 326 биною иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора 110 адад мавриди истифода қарор гирифт.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони маҳаллӣ ва падару модарон соли ҷорӣ ду муассисаи таълимӣ бо шароити муосири таълим ва дар назди панҷ муассисаи дигар 28 синфхонаи иловагӣ барои 700 хонанда бунёд шуд. Илова бар ин, дар назди 9 муассисаи таълимӣ сохтмони 33 синфхонаи иловагӣ барои 775 ҷойи нишаст идома дошта, то охири сол ба истифода дода мешаванд.
Баҳри баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ маркази саломатӣ ва ду бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҷашн 16 муассисаи тандурустӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.
Боиси хушнудист, ки рӯз то рӯз сафи шахсони соховатпеша ва ватандӯст афзуда, бо дастгирии онҳо дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия корҳои созандагӣ идома дошта, сохтмони Нишон ва Парчам дар назди ҳайкали Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар арафаи анҷомёбист.
Баҳри беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифтани сокинон 36 корхона ва ду маркази хизматрасонӣ фаъолият доранд. Лозим ба ёдоварист, ки соли ҷорӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсолии «Ганҷ», ки ба истеҳсоли равғани офтобпараст машғул мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин, дар давоми соли ҷорӣ боз ду корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо даҳҳо нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар маҷмӯъ, бунёди 18 корхона ба нақша гирифта шудааст, ки то ҷашни фархундаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта мешаванд.
Инчунин, баҳри истироҳату фароғати сайёҳони хориҷию дохилӣ дар ноҳия чор меҳмонхона, шаш тарабхона ва 30 китобхонаи деҳот фаъолият доранд.
- Аҳли заҳмати Кӯшониён дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш фаъол бошанд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Икромиддин Вализода.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»