Номи Мирзошоҳи Акобир ва боғи зебову осорхонаи ӯ солиёни зиёд аст, ки дар мамлакат машҳур буда, ҳар сол сайёҳон аз мамолики гуногуни олам ба тамошои он меоянд. Мирзошоҳ ҳанӯз даврони барқарории Ҳукумати Шӯравӣ ба бунёди боғ ва осорхона шурӯъ карда бошад ҳам, орзуҳояш танҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар амалӣ гардиданд.
- Истиқлолият барои ману ормонҳои дилам умри дубора бахшид,- мегӯяд Мирзошоҳ. — Даврони Шӯравӣ ба сад идора сар халондаму даҳҳо роҳбари зинаҳои гуногунро тавалло намудам, вале касе дастамро нагирифт.
Мирзошоҳ Акобир дар баробари осорхонаи шахсӣ доштан, бунёдгузори хоҷагии деҳқонии «Кӯҳсори Аҷам» дар ноҳияи Рашт аст. Аз соли 1988 то соли 2021 ба бунёди боғи ботаникӣ ва осорхонаи кишваршиносӣ дар масоҳати ду гектар машғул будааст ва он ҳоло яке аз беҳтарин боғҳои ботаникӣ дар Тоҷикистон мебошад. Мақсад аз таъсиси боғи ботаникӣ, пеш аз ҳама, гирд овардани навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда маҳсуб меёбад, ки рӯ ба нестшавӣ овардаанд. Дар ин мавзеъ 64 навъи дарахти себ, 36 хели дарахти нок, 24 навъи дарахти зардолу, 9 навъ чормағз, 12 хел ангур парвариш мешаванд. Таҷрибаи пайванд намудани навъҳои гуногуни себ дар ин боғ намунавист: Дар шохҳои баъзе аз дарахтон то 25 навъи себ нашъунамо меёбад. Қобили зикр аст, ки боғи себи деҳаи «Ҷафр» дар кишвар номдор аст.
Ҷамъоварии нигораҳоро барои бунёди Осорхонаи кишваршиносӣ М. Акобир аз соли 1982 оғоз намудааст. Алҳол осорхона яке аз беҳтарин осорхонаҳои шахсии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, нахустин ва ягона осорхонаи шахсӣ дар водии Рашт мебошад. Дар он беш аз 1800 нусха экспонату нигораҳои таърихӣ нигоҳдорӣ мешаванд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола доранд. Хусусан, сиккаҳои юнону бохтариҳо, ҷавшани замони Искандари Македонӣ, дегу табақи сангин, катибаву китобҳои нодири классикони тоҷик ва амсоли онҳо мавҷуданд.
Масоҳати хоҷагии деҳқонии «Кӯҳсори Аҷам» 5,5 гектар замин аст. Ғайр аз боғу токпарварӣ, дар он барои занбӯриасалпарварӣ низ шароит муҳайёст. Дар ин мавзеъ 50 оилаи занбӯри асал нигоҳдорӣ ва парвариш мегардад, ки давоми сол беш аз 1200 килограмм асал медиҳанд.
Дар ошёнаи дуюми осорхона «Маркази хизматрасонӣ» амал мекунад, ки он махсус барои ҳунармандон бунёд шудааст. Дар марказ 52 ҳунарманди водии Рашт маҳсули корашонро ба фурӯш мегузорад.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»