Ду идораи масъули ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҷойи мусоидат ба тамдиди муҳлати истифодаи замин хоҷагидореро, ки солҳо дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳм мегузошт, аз манбаи рӯзгузаронӣ маҳрум карданд.
14 марти соли 2007 тибқи қарори №148-и раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби заминҳои захиравии хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор»-и деҳоти «Дӯстӣ» барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Бобои Эгамбердӣ» (роҳбараш Муродалӣ Назаров) 6,16 гектар замин ба муҳлати 10 сол ҷудо шуд. Муродалӣ Назаров пас аз як сол дардманд шуд ва заминро ба ихтиёри бародараш Ҷумъабой Назаров супорид. Номбурда аз замин самаранок истифода бурда, қарзи онро пардохт намуд. 9 сол бо аҳли оила заҳмат кашида, аз замин ризқи ҳалол пайдо мекард.
- Вақте ки муҳлати истифодаи замин ба охир мерасид, ба корманди Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳия Қодир Уллаев муроҷиат кардем, — изҳор медорад Ҷумъабой Назаров. – Қодир Уллаев, ҳамзамон, шахси масъули идораи номбурда дар деҳаи мо – Навбаҳор мебошад. Ба ӯ гуфтам, ки мехоҳам шартномаи заминро ба муҳлати 10 соли дигар тамдид кунам. — Шумо саргардон нашавед, фақат як ариза навишта, ба ман диҳед, он тарафашро худам ҳал мекунам, — ваъда дод ӯ. Аз байн ду моҳ гузашт, вале ҷавоб нашуд. Чун ба ӯ муроҷиат кардам, гуфт, ки «Аризаат гум шуд, аз нав ариза навис».
Аз ин миён боз 6 моҳ гузашт, аммо Уллаев корро кашол медод ва бо ҳар баҳона маро гусел мекард.
Дар ин муддат аз замин самари дилхоҳ, яъне, аз ҳар гектар пахтазор 32-сентнерӣ ҳосил ба даст овардем. Заминро ҳам аз ғӯзапоя тоза ва шудгор намудем. Аммо, афсӯс, ки «таги коса нимкоса» будааст. Бо гузаштани 8 моҳ Уллаев корро ба фоидаи ман нею худаш ҳал кардааст.
Вақте ба роҳбари Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳия Искандар Шарифзода муроҷиат намудам, ӯ гуфт, ки соҳиби замин ҳоло дигар кас аст ва илова кард: «Агар хоҳӣ аз он 2 гектарашро барои ту ҷудо мекунам, лекин дар киштукори боқимондаи замин ба ман кумак мерасонӣ». Эътироз карда, гуфтам, ки ин қадар сол ҳазорҳо сомонӣ харҷ карда, заҳмати зиёд кашида, заминро аз ҳама ҷиҳат киштбоб кардем, хоҷагиамон ҳам ягон дирам қарздор нест, шумо дар кадом асос моро аз он маҳрум мекунед? Раис гуфт: «Агар хоҳӣ, ҳамин, нахоҳӣ, ихтиёрат».
Ноилоҷ мушкиламро ба раиси ноҳия Абдуҷаббор Баҳодурзода арз кардам. Раис асли масъаларо аз Искандар Шарифзода пурсид. Номбурда хабар дод, ки ҳуқуқи истифодаи заминро аз аввал на ман, балки дигар кас доро буд. Ба онҳо фаҳмонидам, ки соҳиби замин бародарам Муродалӣ Назаров аст, баъди бемору нобино шуданаш ман кори ӯро пеш бурда истодаам.
Баҳодурзода ваъда дод, ки баъди омӯхтани масъала хулосаашро мегӯяд.
Пас аз як ҳафта боз ба назди раиси ноҳия рафтам. Ӯ гуфт, ки метавонад ба ман аз ҷойи дигар замин диҳад. Аммо ман рад намуда, гуфтам, ки заминро аллакай шудгор карда, дар 0,10 гектараш юнучқа коштаам, вале раис розӣ нашуд.
- Боз ду маротиба ба таври хаттӣ ба раиси ноҳия муроҷиат кардам, аммо ҷавоб надод, — афзуд Ҷумъабой Назаров.
Ба хотири санҷидани арзи шаҳрванд Ҷ. Назаров мо ҷониби хоҷагии деҳқонии «Бобои Эгамбердӣ» роҳ пеш гирифтем. Чунонки мушоҳида кардем, аз масоҳати умумии 6,16 гектар замини хоҷагӣ тақрибан 1,6 гектари он нокошта буд, аммо шудгор шудааст ва воқеан ҳам дар 0,10 гектараш юнучқа коридаанд. Ҷумъабой Назаров бехабар мондааст, ки дар 5 гектари он соҳибони нави замин чизе монанд ба ҷав ё гандум коштаанд.
Воқеият доштан ё надоштани шикояти Ҷ. Назаровро бо Искандар Шарифзода пайгирӣ кардем. Шарифзода иддаоро, ки ӯ ба Назаров таклифи зери дасташ дар он заминҳо кор карданро намудааст, куллан инкор кард. — Ин гап асос надорад… Он замин ба падари яке аз кормандони идораи мо — Қодир Уллаев вобаста шудааст, лекин дар кадом асос, инашро Кумитаи замини ноҳия медонад, — гуфт ӯ.
Кӯшиши мо барои суҳбат оростан бо Раҳматулло Давлатов — раиси Кумитаи замини ноҳия бенатиҷа анҷом ёфт. Ӯро на дар ҳуҷраи корӣ пайдо кардем, на нафаре аз кормандон куҷо буданашро гуфта тавонист ва на аз телефонаш ҷавобе шунидем.
Бо раиси Ҷамоати деҳоти «Дӯстӣ» Нарзигул Воҳидова вохӯрдем. Ӯ ваъда дод, ки масъалаи замини баҳсиро зери назорат мегирад, аммо маълум нашуд, ки вай то ҳол ба ҳайси як мақомдори маҳаллӣ ягон тадбире андешидааст ё не.
Ҳақиқати ҳолро аз раиси ноҳия Абдуҷаббор Баҳодурзода донистан хостем. Ёрдамчии ҷавони раиси ноҳия бо баҳонаи «Раис одам дорад», моро ҳатто дар қабулгоҳ иҷозати нишастан надод. Дар маҷлисгоҳ каме мунтазир шуда, боз аз ёрдамчӣ хоҳиши қабул шуданамонро тақозо кардем. Бо чӣ масъала назди раис даромаданамонро пурсид. Ниҳоят, пас аз 15 дақиқаи дигари интизорӣ дар маҷлисгоҳ ёрдамчӣ хабар дод, ки раис моро қабул карда наметавонад ва бояд ба назди муовинаш равем.
Муовини раиси ноҳия Маҳмад Давлатзода аз мақсад огоҳ шуда, масъаларо тавассути телефон бо кумаки шахсони болозикр – Искандар Шарифзода, Раҳматулло Давлатзода ва Нарзигул Воҳидова равшан кардан хост. Онҳо гапҳои куҳнаро такрор карданд. Муовини раис чун гиреҳи масъаларо кушода натавонист, ноилоҷ моро бовар кунонид, ки тарафҳои дахлдор ва ҳуқуқшиносро даъват карда, ҳақро ба ҳақдор ҳатман мерасонад.
Ин суҳбат 28-уми декабри соли 2017 сурат гирифт, вале то санаи ба дасти чоп рафтани матлаб на аз тарафи даъвогар ва на аз ҷониби масъулин ягон посух нагирифтем.
Бо вуҷуди ин, бо нияти то охир пайгирӣ кардани мавзӯъ интизори ҷавоби масъулини ноҳия хоҳем шуд.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»