Ривоят мекунанд, ки нафаре қасди зиёрати Каъбатуллоҳ кард. Дар роҳ занеро дид, ки ба пар кандани мурғобии мурда машғул аст. Ҳайратомез пурсид:
- Ҷонвари мурдаро чаро пар меканӣ, ки хӯрданаш ҳаром аст?
- Шояд барои ту ҳаром бошад, аммо барои ман барин зани муштипаре, ки кӯдаконам дар хона гуруснаанд, ҳалол аст, — посух дод зан.
Дили мард ба ҳоли он зан сӯхт ва маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъкардаашро ба ӯ бахшид.
Маъракаи ҳаҷ ба итмом расид. Он мард ба зиёрати ҳоҷиён рафт. Ҳар кадомеро, ки зиёрат мекард, мегуфт, «ҳаҷ муборак!» дар ҷавоб мешунид:
- Ба шумо низ муборак бошад!
- Шумо хато кардед, ман дар ҳаҷ набудам, — посух дод мард. Дар ҷавоб ба ӯ ҳоҷиён мегуфтанд:
- Шарм медоред, ки дурӯғ мегӯед. Мо ҳамроҳ будем, Ҳаҷаруласвадро ҳамроҳ бӯса кардем.
Шаб ба хоби он мард ҳазрати Ҷабраил даромада гуфт:
- Ба ивази он хайре, ки нисбат ба он зани муштипар кардӣ, Худованд дар симои ту фариштаеро ба маросими ҳаҷҷулакбар фиристод ва минбаъд то умри ту боқист, фаришта дар симои ту зиёрати Каъбатуллоҳро хоҳад кард…
Хушбахтона, солҳои охир сафи нафароне, ки ба ин ривоят пайравӣ мекунанд, зиёд шуда истодааст.
Ин амалро сокини деҳаи Рӯмони деҳоти ба номи Ҳ. Усмонови ноҳияи Б. Ғафуров Мирзоэргаш Неъматов низ ба ҷо овард.
- Маблағи заруриро барои зиёрати Каъбатуллоҳ ҷамъ овардам. Дидам, ки ҳамсояам Абдуллоҷон Комилов камбизоат аст, аҳд кардам, ки барои сохтмони ҳавлиаш кумак кунам. Рӯз аз рӯз тағйир ёфтани симои ҳавлии ҳамсояи камбизоатамро дида, хурсанд мешавам.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони матлаб аз аҳли зиё буда, падараш Мирзонеъмат Аҳмадов солиёни зиёд дар тарбияву таълими фарзандони халқ заҳмат кашидааст. Ӯ дастпарвари Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буда, бо ихтисоси муҳандис — механик дар соҳаи нақлиёти мусофиркаш меҳнат карда, айни ҳол давлати пирӣ меронад. Соҳиби 3 фарзанду 11 набера ва 5 абера аст.
Бино ба иттилои шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои МИМҲД-и ноҳияи ба номи Б. Ғафуров Фан Нафиқов аз деҳоти ба номи Исмоил, Раҳимҷон Маликов аз деҳоти «Овчиқалъача» ва Назар Аҳмадов аз деҳоти «Чашмасор»-и ноҳия низ чунин иқдом карданд. Онҳо мутаносибан 50, 20 ва 30 ҳазор сомонии барои адои маросими ҳаҷ ҷамъовардаро барои сохтмони кӯпрук, чароғонкунии 3 километр роҳ ва сохтмони бунгоҳи тиббӣ масраф карданд.
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»