Моҷарои бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода идома дорад. Гарчанде қазия даври чанд сол муқаддам ғайриқонунӣ хусусӣ кардани иншооти варзишӣ ва ошкор шудани аъмоли коррупсионӣ дар фаъолияти бозори ба ҷойи он сохташуда ҷараён гирифтааст, Муҳиддин Кабирӣ- раиси ҲНИТ мисли ҳамавақта онро бо фаъолияти сиёсии худ тавъам мехонад. Ҳамеша ва дар ҳама ҷо қайд мекунад, ки «қазия хусусиятҳои ба худ хосро дорад», вале он хосиҳоро шарҳ намедиҳад. Чуноне ки ҳамеша аз «фишор»-ҳо болои ҳизбаш якумр шиква мекунаду мисоли дақиқе оварда наметавонад.
Муҳиддин Кабирӣ ҳамеша бо муаммо сухан мегӯяд. Дар ҳама ҷо кӯшиш мекунад, ки мардумро аз масъалаи асосӣ дур карда, хешро қурбонию мардумро зиёндида ба намоиш гузорад. Вобаста ба ҷанҷоли бозори «Саховат» ҳама тарафҳои пардапӯши он равшан шудаанд. Табиист, ки ҳар як иншооту корхонаҳои хоҷагидорӣ, хоҳ хусусианду хоҳ давлатӣ, давра ба давра мавриди санҷиши мақомоти салоҳиятдор қарор мегиранд. Аз ин рӯ, даъво дар хусуси муносибати муғризона ба бозори намояндаи мардумӣ ва сиёсатмадор – Кабирӣ асоси воқеӣ надорад. Устодона ва мақсаднок ба қазия ҳамроҳ шудани худи ӯ низ дигар фоидае надорад, зеро ин ҷо ба поймол шудани қонун роҳ дода шудааст.
Дар асоси хулосаи ҳуқуқӣ, мувофиқи қисми 2-юми моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (таҳрири №899 аз 27-уми декабри соли 1993) мактабҳои варзишии бачагону наврасон ба категорияи муассисаҳои таълиму тарбияи беруназмактабӣ дохил мешаванд. Ҳамзамон мувофиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» (Дар бораи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд) №464 аз 16 майи соли 1997, муассисаҳои таълимии беруназмактабӣ, танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ карда мешаванд. Мактаби варзишии бачагону наврасони шаҳри Турсунзода, ки имрӯз дар ҷойи он бозори Муҳиддин Кабирӣ – «Саховат» ҷойгир аст, бидуни қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти хусусӣ табдил дода шудааст.
Муҳиддин Кабирӣ имрӯз даъво дорад, ки ин амал қабл аз харидории бозор аз ҷониби ӯ сурат гирифтааст. Агар чунин аст, ҷурми худи ӯ бештар мегардад, зеро ҳамчун намояндаи ниҳоди асосии қонунгузори кишвар, ҳангоми харидории бозор нисбати ин кирдори ғайриқонунӣ чашмашро пӯшида, онро тӯли чандин сол барои дарёфти манфиати шахсӣ истифода кардааст. Ва акнун, ки нодида гирифтани қонун фош гардид, волоияти он бояд барқарор карда шавад. Зеро дар назди қонун ҳама яканд: бою фақир ва сиёсатмадору давлатдор.
Хеле аҷиб аст, вақте вакили мардумӣ барои ҳимояи манфиати шахси ба худаш наздик пеш медарояд. Тоҷикистони мо кишварест кӯчаку бо аҳолии на чандон зиёд. Қариб, ки ҳама якдигарро мешиносанду пайвандӣ доранд. Риштаҳои хешутаборӣ аз сарҳади садҳо нафар убур мекунанд. Агар ҳар як вакил барои пӯшонидани аъмоли ғайриқонунии наздикони худ, нуфузу масунияти вакилиашро истифода мебурд, аҳволи қонун чӣ мешуд?
Шигифтангезии масъала он аст, ки Муҳиддин Кабирӣ худро «хӯронандаи савдогарони «Саховат» нишон медиҳад ва мегӯяд: «Ман аз ин бозор фоидаи на он қадар бад ба даст меовардам, вале қисмати асосии он барои мардум сарф карда мешуд. Берун аз меъёрҳои ахлоқист, агар гӯям ба кӣ ва чӣ қадар кумак кардам».
Ҷаноби Кабирӣ! Ба забон овардани ҳамин ҳарфҳои шумо аз рӯйи ахлоқ нест. Ҳама медонанд, ки беш аз 700 нафар, рӯзҳои дароз, новобаста аз сармою гармо, пушти дӯкону тахтаҳои савдо нишаста, ба буҷаи оилаи шумо даромад меоварданд. Ҳама медонанд, ки аз ҳисоби заҳмати онҳо солона як миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор сомонӣ фоида мегирифтед. Давоми панҷ соли охир аз ҳисоби бозори «Саховат» шумо як миллиону панҷсад ҳазор доллари ИМА фоида бардоштаед.
Пас чӣ лозим аст ба торҳои асаби ин мардум нохун задан? Худро раҳмдил метарошед, ки «бозорро мегиранду ин мардум бекор мемонанд». Хотиратон ҷамъ бошад. Ҳеҷ кас бекор намемонад. Ҳукумат тадбири идомаи фаъолияти тиҷоратиро барои онҳо ҳатман меандешад. Шумо барои аз даст рафтани макони даромади муфт дилатон месӯзад. На аз ин бештар. Агар насиҳати бандаро гӯш кунед, як бор фаъолияти ҳамон 6-7 ширкататонро, ки тибқи гуфтаи худатон бо номи наздикон сабт кардаед, санҷед. Зеро ҳар куҷо, ки фоида ба ҷайби худ аст, ҳатман аъмоли ғайриқонунӣ ва фиреби мақомот ҷой доранд. Навбати санҷиши онҳо низ рӯзе мерасад. Мабодо, ки ҷиноятҳои ҳамсоне он ҷо низ рӯйи об бароянд?! Он гоҳ ҳама баҳонаҳое чун «фишор»-у «супоришӣ»-ю «сиёсӣ» гуфтани парвандаҳо суде нахоҳад дошт.
Сӯҳроб Зиёев