Таърихи башарият гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар миллат ва халқро танҳо истиқлолияти комил ва ваҳдати пойдор ба мақсади накуе дастёб мегардонад.
Миллати сарбаланди мо низ, ки аз куҳантамаддунтарин миллатҳои олам аст, тӯли таърих барои истиқлолияти хеш ҷонбозиҳои зиёде кардааст. Ҳамин талошу ҷонбозиҳои фарзандони фарзона буд, ки забону фарҳанг, урфу одат, пойдории миллати тоҷик то ба ин рӯз устувор монд. Ҳарчанд баробари комёбиҳо ноҳамвориҳои зиёде ҳам буданд.
Рӯзҳои аввали ба истиқлолият расидан як идда аз мансабталабон манфиати хешро болотар аз манофеи аксар гузошта, мардумро ба мушкилиҳои сангин рӯ ба рӯ намуданд ва бадбахтиҳои зиёдеро боис шуданд. Онҳо наандешиданд, ки бе ризогии миллату оромии кишвар ҳеҷ муроде ба кас муяссар нагардад ва мансабу вазифа пойдор намонад.
Мардуми тамаддунофарандаи мо, ки миллати созанда ва сулҳхоҳ аст, аз ин иштибоҳи ногаҳонӣ ба хулосае омаданд, ки танҳо ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ қодир аст, моро аз ин варта наҷот бидиҳад.
Фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз мушкилоти сангини вақт, муҳит ва ҷомеа, ба ҳама гӯшаҳои ноороми кишвар сафар анҷом медод ва мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва дасти муҳаббат ба ҳам дароз кардан даъват менамуд. Онҳо Сарвари хешро бо дилгармии беандоза истиқбол мекарданд ва дар симои ӯ мунодии сулҳу ваҳдатро медиданд. Ҳамин муҳаббату боварӣ ба Сарвари хеш буд, ки сулҳ болои ҷанг омад ва мардум ба ояндаи хеш дилгарм гаштанд.
Шурӯъ аз соли 1997, яъне, пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон зиндагию рӯзгори мардуми мо нумӯи тоза гирифт. Имрӯз ба ҳар куҷои мамлакати соҳибистиқлоламон, ки сафар кунем, сухан аз сулҳу ваҳдат аст ва мардум аз пайи ободкориву созандагӣ мебошанд.
Бе муҳобот метавон гуфт, ки ҳама иду ҷашн, тӯю хурсандӣ танҳо ба шарофати ваҳдати сартосарӣ муяссар гардидааст. Наметавон имрӯз аз авзои олам бехабар монд, зеро миллати мо низ як ҷузъи ҷомеаи башарист. Ҳодисаҳои маълум дар давлатҳои Сурияву Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Яман моро ҳушдор медиҳанд, ки аз ҳарвақти дигар бештар худшиносу меҳанпараст бошем ва дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моро ба ваҳдату худшиносӣ, миллатдӯстиву ватанпарастӣ ва зиракии сиёсӣ ҳидоят месозанд, боз ҳам зиёдтар муттаҳид шавем. Ҷавонони мо бояд ҳушёр бошанд ва фирефтаи он хоҷагони дилсиёҳи дохиливу хориҷӣ нашуда, манфиати миллату Ватанро аз ҳама чиз боло гузоранд, зеро дар дунё аз Ватан ва Ваҳдату побарҷоии он афзалтар боигарие нест. Дар Ватан халқи мо, авлоду аҷдод ва падару модари мо умр ба сар мебаранд ва инро набояд фаромӯш созем.
Мо — ҷавонон бояд ҳалолкору поквиҷдон бошем. Аз дастовардҳои илму техникаи муосир ба манфиати миллат кор бигирем ва ба он ҷавононе, ки мушкил доранд ё гумроҳ шудаанд, дасти кумак дароз намоем.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) баробари дигар масоили муҳими ҷомеа, ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ чунин дастур доданд: «Тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад ва ин нуктаро ман борҳо изҳор намудаам. Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нави ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид»
Ин ҳидоятҳо моро водор месозанд, ки дар амали ҳаррӯзаи худ ба қонунҳо такя намуда, вазифаи ба уҳда гирифтаамонро поквиҷдонона иҷро намоем ва дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа ҳиссаи худро гузорем.
Диловар КАРИМОВ, корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе