Ҳадафи асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бунёду сохтмон ва таҷдиди роҳ ва туннелу пулҳо раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини рафтуомад миёни тамоми минтақаҳои мамлакат, инчунин ба қаламрави воҳид табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хушбахтона дар ин самт комёб гардидем. Қобили зикр аст, ки бо азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ он бо роҳи байналмилалии Қароқурум-Кулма-Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе пайванд гардида, яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим эҳё шуд.
Муҳимтар аз ҳама, бо бунёд ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ин роҳ на танҳо ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар тамоми фаслҳои сол байни пойтахти мамлакат ва вилояти Суғд таъмин гардид, инчунин тавассути қаламрави кишварамон барои равобити нақлиётии давлатҳои ҳамсояи ҷанубӣ ва шарқӣ бо дигар давлатҳо шароити мусоид фароҳам омад.
Бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти нақши арзандаи роҳи мавриди назар ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омаданд, ки механизми инноватсионӣ аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе — Чаноқ мавриди амал қарор гирад. Бинобар ин, тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола ба муддати 6 -7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Ягон муассисаи нигоҳдории роҳ қудрати дар давоми сол мавриди истифода будани онро кафолат дода наметавонист. Он вақт ҳамватанони мо бо мушкилоти зиёд дучор гашта, баъзеҳо ҳатто ҷонашонро аз даст додаанд. Маҳз дар заминаи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ва ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули «IRS» чунин хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдоранд.
Ҳоло филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории 348 километр роҳро ба зимма дорад. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 соатаро талаб менамояд. Дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти асосии фаъолият аст.
Месазад ёдовар шавем, ки дар давоми фаъолият «IRS» зиёда аз 2 миллион метри мураббаъи роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад зиёда аз 250 ҳазор тонна мумфарш (асфалт) сарф кард. Илова бар ин, нигоҳдорӣ ва азнавсозии 58 пули ин масир бо хароҷоти зиёд амалӣ гардида, 3 пули калон, ки дарозии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра азнавсозӣ шудаанд.
Дар масире, ки роҳи Душанбе – Чаноқ ҷойгир аст, ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд надошт. Тӯли фаъолияти филиали ширкати мазкур дар минтақаи Варзоб 2 корхона, Зарафшон — 2, Суғд 3 корхона, дар маҷмӯъ 7 корхона мавриди истифода қарор гирифт. Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами корхонаҳои мазкур харидории битум ва бо тавсеа ёфтани таъмиру азнавсозии роҳ, бартарафсозии тармаҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва ғайра харидории сӯзишворӣ хеле афзуда, ҳар сол ҳаҷми зиёди ин мавод дастрас мешавад.
Ҳамасола тамоюли афзоишро касб намудани офатҳои табиӣ хароҷоти филиали ширкати мазкурро низ зиёд намуд. Бартарафсозии тармаҳо, дар маҷмӯъ, ба 2 миллиону 988 ҳазору 896 метри мураббаъ баробар аст.
Бо назардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе — Чаноқ, коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, харҷи ин мавод низ сол то сол афзуда, дар ин муддат маводи зиддилағзиши харҷшуда 105 ҳазору 431 метри кубиро ташкил медиҳад.
Айни замон филиали ширкати номбурда соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳо ба 224 адад расидааст. Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ, сохтаю мавриди истифода қарор гирифтанд.
Соли 2009 кормандони филиали ширкат ҳамагӣ 24 нафар буданд. Ҳоло бошад, 872 нафар фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 50 ҳазор нафар ба шарофати мавҷудияти филиали ширкат манбаи даромад доранд. Мутаассифона, дар ин муддат 10 корманди «IRS» ҳангоми иҷрои вазифа, яъне бартарафсозии пайомади тармафароӣ ва таъмини ҳаракати бехатари шаҳрвандон, ҳалок шуданд.
Ҳодисаҳои ғайричашмдошти табиӣ дар роҳи Душанбе — Чаноқ хеле зиёд буда, роҳ мунтазам зери хавфи офатҳои табиӣ қарор дорад. Масалан, фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби дарёҳои шафати роҳ зиёд буда, баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Аз ин лиҳоз, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ хеле зиёд амалӣ шуда, дар маҷмӯъ, нишондиҳандаи марбут ба он 45 ҳазору 891 метри мураббаъ аст.
Хотиррасон мешавем, ки ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе — Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ пешбинӣ нагардида буд. «IRS» бо ташаббуси худ, барои таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 16000 метри тӯлонӣ чунин деворҳоро бунёд кард, ки то ин вақт чандин нафарро аз марг наҷот додааст.
Илова ба вазифаҳои мазкур, бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии корпоративи худ солҳои 2013 — 2016 «IRS» лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нуробод — Нимич дар шоҳроҳи Душанбе — Рашт — сарҳади Қирғизистон (дар масофаи 73 километр)-ро бе мақсади гирифтани фоида татбиқ намуд. Ба ин восита филиали ширкат дар тамдиди муҳлати истифодаи яке аз роҳҳои дигари аҳамияти стратегидошта саҳм гузошт.
Дар ин замина ҳамватанонамон дарк кардаанд, ки истифодаи роҳ бо пардохти маблағи муайян тадбири саривақтӣ ва оқилона буда, пули пардохтнамудаи аҳолӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад.
Фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтдошта мусоидат намуда, ифтихормандем, ки баъзе давлатҳои собиқ ИҶШС маҳз ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравӣ намуданд.
Комрони АСЛОН,
«Садои мардум»