Ду сол муқаддам оид ба ин мавзӯъ — фаъолияти кормандони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд мақолаи таҳлилӣ чоп шуда буд. Дар ҷаласаи чанде пеш доирнамудаи кормандони соҳа вобаста ба нишондиҳандаҳои семоҳаи якуми соли равон маълум шуд, ки ҳолат мақоли халқии «Аҳмади поринаву Карими савдогар»-ро мемонад.
Соли 1996, бо дарназардошти вазъи иқтисодии кишвар дар соҳаи обрасонӣ ислоҳот гузаронида шуд. Аниқтараш, агар то ин дам соҳа пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегардиду баъд аз ислоҳот деҳқонон вазифадор шуданд, ҳаққи обрасониро барои ҳар мукааб метр об 0,3 рубл пардохт намоянд.
Ҳоло ба ҳар мукааб метр об 2 дирам нархгузорӣ шудааст. Мутахассисони соҳа бар он ақидаанд, ки ислоҳот бар зарари соҳа аст.
- Беҳтар мебуд, тарзи корбарии пешина боқӣ монад, — мегӯяд собиқадори соҳа Абдуллоҷон Солиҷонов. — Баъд аз ислоҳот мушкили зиёд ба сарамон омад. Истеъмолкунандагон бо сад баҳона аз додани ҳаққи обрасонӣ саркашӣ мекунанд. Дар натиҷа, наметавонем ба мавсими навбатии обрасонӣ омодагии ҷиддӣ бинем. Ҳамчунин, музди меҳнатро низ сари вақт гирифта наметавонем. Соҳа ба қарз ғӯтидааст.
Аз рӯи маълумоти расмӣ, соли 2020-ум миробҳои вилояти Суғд фаъолиятро бо 77,9 млн. сомонӣ зарар ҷамъбаст карданд.
- Соли сипаригашта тибқи шартнома ба кишоварзон 1 млрд. 455,3 млн. мукааб метр об расонида шуд, ки арзиши ҳар мукааб метр ба 7,38 дирам (дар баъзе хоҷагиҳои об аз ин ҳам зиёд) баробар аст, — гуфт муовини якуми сардори Раёсати хоҷагии оби вилояти Суғд Ҳалимҷон Ҳоҷиев. — Пардохт бошад, ба ҳар мукааб метр об тибқи нархномаи муқаррарнамудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ 2 дирамӣ сурат гирифт. Дар ин радиф ба ҳар киловатт/соат қувваи барқи истифодашуда мебояд 7,8 дирам ва ҷамъулҷамъ 73,6 млн. сомонӣ пардохт кунем.
- Солҳои аввали ҷорӣ шудани ислоҳот, ки ба хоҷагии оби ноҳияи Ҷ. Расулов роҳбар будам, назорати пардохти ҳаққи обрасониро ҷиддӣ ба роҳ монда будем, — иброз дошт собиқадори соҳа Абдуллоҷон Солиҷонов. — Ба нафароне, ки ҳаққи хизмати обрасониро пардохт намекарданд, об намедодем. Дере нагузашта, роҳбарияти ноҳия нав шуд. Аз раиси вақти ноҳия хоҳиш кардам, ки ба фаъолияти мо «дахолат» накунад. Мо бошем, обро сари вақт ба деҳқон мерасонем. Мутаассифона, баръакси хоҳиши ман шуд. Вақте ба қарздорон об намедодем, занг зада супориш медод, ки об диҳем. Ин «дастгирӣ» саркашони қарздор аз хизмати обрасониро рӯҳбаланд кард.
Сабаби дигари афзудани қарзи обрасонӣ бахшидани қарзи кишоварзон барои ин намуди хизматрасонист.
Масъулони соҳа аз вазъи баамаломада борҳо ба вазорати соҳавӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд. Пешниҳод карда буданд, ки нархи обрасонӣ баланд карда шавад.
Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба доди миробҳо расиданду 23 апрели соли 2018 барои ҳар мукааб метри оби расонидашуда 4 дирам муқаррар шуд. Мутаассифона, ин иқдом 38 рӯз давом кард.
Дере нагузашта, аниқтараш 31 майи он сол, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархномаи нави муқарраркардаашро бекор ва нархи пешина — 2 дирамро барқарор намуд.
Тибқи ислоҳоти соли 1996, ташкилоти нави ҷамъиятӣ — Ассотсиатсияи истифодабарандагони об (АИО) таъсис ёфт.
- Теъдоди кормандон барои сари вақт расонидани об ба хоҷагиҳои деҳқонӣ басанда нест, — гуфт муовини якуми сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Ҳалим Ҳоҷиев. — Бо дарназардошти ин, АИО таъсис додем, ки мутаассифона, масъулиятро ба таври бояду шояд иҷро мекунанд.
- АИО соли 2000-ум тибқи татбиқи лоиҳаи байналмилалӣ таъсис ёфт, — гуфт собиқадори соҳа, муовини сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Зафаробод Қудратулло Давлатов. — Баъд аз як соли ташкилёбӣ дар ҷаласаи вилоятии кормандони соҳа ба вазири вақти соҳа Қоҳир Расулзода (ҳоло Сарвазири мамлакат) гуфта будам, ки «ин гуна идораи миёнрав ҳаргиз лозим нест. Зеро ба фаъолият, хусусан, дар самти ҷамъоварии маблағи обрасонӣ халал мерасонад». Он вақт маро нодуруст фаҳмиданд. Гузашти вақт исбот сохт, ки иддаои ман дуруст будааст. Барои мисол, аз 34 АИО-и ноҳияи Зафаробод ягонтоаш дар сатҳи зарурӣ фаъолиятро ба роҳ намондааст.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ вобаста ба семоҳаи фаъолият боз дигар нуқсони кори ин қабил ташкилот ошкор шуд. Маълум гардид, ки дар ноҳияи ба номи Б. Ғафуров АИО-и «Хушманзар» аз як хоҷагии деҳқонӣ 3200 сомонӣ маблағи хизматрасонии миробҳоро гирифта, ба хоҷагии оби ноҳия 600 сомонӣ пардохт кардааст.
Дар ноҳияи Ашт бошад, ба фаъолияти АИО баҳои мусбат медиҳанд. Сардори ИДБЗО-и ноҳия Иброҳимҷон Воҳидов гуфт:
- Масъулони АИО вазифаашонро бо ҳисси масъулиятшиносӣ иҷро мекунанд. Ба фаъолияти асосии онҳо — ҷамъоварии маблағи оби истифодашуда баҳои баланд медиҳам.
Дар шаҳри Истаравшан низ вазъи ҷамъоварии маблағи обрасонӣ мувофиқи мақсад аст. Аммо, дар боқимонда шаҳру ноҳияҳои вилоят корбарии АИО беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад.
Соли 2020 дар пойгоҳҳои обкашии вилоят бинобар фарсуда будани таҷҳизоти обрасон якчанд садама рух дод. Яке аз онҳо 18 апрел дар пойгоҳи обкашии рақами як ноҳияи Ашт ба вуқӯъ пайваст. Масъулони соҳаи обрасонӣ сабаби садамаро бе огоҳӣ қатъ кардани интиқоли қувваи барқ арзёбӣ карданд. Масъулони барқи ноҳия гуфтанд, ки онҳо масъулони соҳаро огоҳ карда буданд.
- Ин воқеа поси шаб рух дод, — иброз намуд сардори ИДБЗО-и ноҳияи Ашт Иброҳимҷон Воҳидов. — Бар асари ин садама 15 рӯз фаъолият қатъ шуд.
Ин гуна садамаҳо бинобар куҳна шудани таҷҳизот зуд — зуд рух медиҳанд. Масалан, пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл»-и ноҳияи Зафаробод, ки онро «дили Зафаробод» меноманд, соли 1960 ба истифода дода шудааст. Масъулон мегӯянд, ки «лоиҳаи азнавсозии пойгоҳ омода ва интизори маблағгузорист». Дар чунин ҳолат пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Ашт ва Мастчоҳ низ қарор доранд.
Аз рӯи гуфти масъулони соҳа, дар вилоят кофтани чоҳҳои амудӣ вусъат гирифтааст. Соли сипаришуда 326 адад ва семоҳаи якуми соли ҷорӣ 70 — то чоҳи амудӣ кофта шуд. Аз ин бармеояд, ки истеъмолкунандагони об ба умеди «оши ҳамсоя турб натарошида», «асояшонро ба рӯшноӣ мезананд».
- Соли рафта аз ҳисоби садама дар пойгоҳи обкашии ноҳияи Ашт 10 ҳазор гектар боғ зарар дид, — фаҳмонд муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудов.
Мутахассисони собиқадор бар он ақидаанд, ки «соҳа чун пештара пурра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ шавад. Танҳо дар ин ҳолат аз фаношавӣ эмин мемонад».
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»