Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Калонтарин корхонаи саноатӣ аз кор монд»

№129 (4712) 30.10.2023

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар мақолаи хабарнигори рӯзнома Сулаймон Султон — «Калонтарин корхонаи саноатӣ аз кор монд»-ро, ки дар шумораи №114 (4697) аз 18-уми сентябри соли 2023 дар наш­рияи «Садои мардум» ба табъ расидааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.

Далелҳои дар нашрия инъикосёфта дар ҳақиқат ҷой дошта, барои ҳалли масъалаи мазкур ба унвонии раиси вилояти Хатлон мактуби расмӣ ирсол гардида, аз ҷумла қайд карда шуд, ки фармоишгари асосии ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар – ШСХК «Барқи Тоҷик» буда, тибқи шартнома ҳар сол трансформатор ва таҷҳизоти зарурии онро дастрас менамуданд.

Айни замон, ШСХК «Барқи Тоҷик» аз ҳисоби шартномаи соли 2022 дар назди ҶСК «Трансформатор» зиёда аз 20 миллион сомонӣ қарздор буда, ҳамзамон барои соли 2023 шартномаи нав бастанд.

Ҳолати мазкур боиси он гардид, ки ҶСК «Трансформатор» аз андоз ва андози иҷтимоӣ қарздор гардида, барои идома додани истеҳсолот мушкилоти молиявӣ пеш омад. Дар натиҷа, аз моҳи май инҷониб корхона фаъолияташро боздоштааст. Ин дар навбати худ боиси муваққатан бекор мондани 102 нафар корманди корхона ва коҳиш ёфтани ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии шаҳр гардидааст.

Новобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо роҳбарияти ҶСК «Трансформатор» робитаҳои пайваста ба роҳ монда, барои дарёфти мизоҷон ва ҷалби сармоягузорон барои барқарор намудани фаъолияти корхона, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Д. БАРОТЗОДА,

муовини якуми раиси шаҳри Бохтар