Камбудиҳо бартараф хоҳанд шуд

№96 (4679) 28.07.2023

Дар фасли тобистон ҳатто ба таври муваққатӣ қатъ намудани интиқоли об ба маҳалҳои зисти одамон боиси нигаронист

КоллажИн матлабро зимни суҳбат сармуҳандиси минтақаи истеҳсолӣ — техникӣ ва обтаъминкунии шаҳри Ҳисор Зоирхӯҷа Ваҳобов иброз намуд.

Ба гуфтаи ӯ, тобистони соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳисор омилҳои фарсуда гардидани қубурҳои об, норасоии барқи доимӣ дар стансияҳои обтаъминкунӣ боиси нороҳатии муштариён гардидаанд. Аз ин сабаб мо ба қароре омадем, ки аз чоҳи омудии минтақаи «Нефтобод», ки то маркази шаҳр 570 метр мебошад, қубури иловагии нав хобонида, камбудии ҷойдоштаро бартараф созем.

Номбурда илова намуд, ки мушкили асосӣ дар он аст, ки шаҳри Ҳисор дар баландӣ қарор дораду об бошад, дар пастӣ. Ин аст, ки об ба шаҳр тариқи насос­ҳои обкаш интиқол дода шуда, дар ҳолати ҳатто як сония хомӯш шудани барқ бояд тамоми системаро аз об холӣ намуда, баъдан дубора онро ба кор дарорем, ки ин вақти зиёдро талаб менамояд. Идораи барқтаъминкунии шаҳр ва ҳам муассисаи мо доимо тариқи «смс» — паёмакҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аҳолиро аз корҳои нақшавӣ пешакӣ огоҳ менамоем. Корҳое, ки ин дам анҷом медиҳем, аз қабили фаъолияти таъмиргарӣ набуда, охири моҳи соли ҷорӣ бо пайваст шудан ба системаи ягонаи обтаъминкунии шаҳр ба анҷом мерасанд. Умед дорем, ки бо амалӣ гардидани ин иқдом мушкили садҳо хоҷагӣ, ки аз норасоии оби ошомиданӣ шикоят доштанд, осон хоҳад намуд.

Бо вуҷуди ин З. Ваҳобов таъкид намуд, ки бо сабабҳои техникӣ муваққатан қатъ гардидани интиқоли об таҷрибаи дилхоҳ шаҳр буда, барои он ки сокинон бе об намонанд, онҳо бояд ҷадвали қатъи обро, ки одатан дар сомонаи коммуналӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, риоя карда, барои худ миқдори зарурии обро захира намуда, сарфакорона истифода бурдани онро роҳандозӣ кунанд.

Сайидо НАЗАРОВ,

 «Садои мардум»