Дар бораи истифодаи оқилонаи замин бисёр ҳарф мезанем. Ин танҳо ба заминҳои корами кишоварзӣ дахл надорад. Манзур замине мебошад, ки муваққатан на истеҳсол мекунанд ва на даромад меорад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти масҷидҳо ҳамчун муассисаи динӣ зери назорат гирифта шудааст. Инчунин, масҷидҳое, ки фаъолияташон бо иллати надоштани ҳуҷатҳои расмӣ қатъ гардид, аз феҳристи муассисаҳои динӣ бароварда шуд. Дар чунин ҳолат он бояд ба муассисаи дигар табдил ёфта, самти фаъолияташ дигар шавад, то аз қитъаи замини он шаҳрвандон ва давлат самаранок баҳраманд гарданд.
Масалан, дар маркази ноҳияи Муъминобод масҷиде, ки масоҳаташ қариб ним гектарро ташкил мекард ва солҳо фаъолияташ қатъ гардида буд, бо қарори дахлдори раиси ноҳия ба Идораи замин табдил дода шуд.
Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе масҷидҳое ҳастанд, ки фаъолият намекунанд ва касе дар фикри ҳуҷҷатгузории онҳо ҳам нест. Масалан, дар маҳаллаи 103 масҷиди аз фаъолиятмондаро ба мошинсаро табдил доданд.
Дар кӯчаи ба номи Асадулло Ғуломови маҳаллаи 104 сохтмони масҷиди хуштарҳи сеошёна аз соли 2012 оғоз ёфта, то ҳол нотамом аст. Гирду атрофи он биноро ба партовгоҳ табдил додаанд. Бояд иқрор шуд, ки мавқеи ҷойгиршавии бинои масҷид ба талаботи шаҳрдорию фарҳангӣ мувофиқ нест, чунки он дар рӯ ба рӯи мактаб, дар ҷойи серодам сохта шудааст. Солҳои қаблӣ ин хусусиятҳо ба назар гирифта мешуд. Сармуҳандиси Муассисаи минтақавии идоракунии хизматрасонии фонди манзили рақами 83 — и ноҳияи Сино Ҷонамо Исломбекова аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бино ба «бомжгоҳ» -у макони нашъамандон табдил ёфтааст.
Мусаллам аст, ки замин дар шаҳр мувофиқи пешниҳоди Кумитаи заминсозӣ ва хулосаи сохтори меъморию шаҳрдорӣ дода мешавад. Дар зеҳн андешае шакл мегирад, ки аксар замини барои истифодаи умум ҷудошударо таъиноташон дигар хел нишон дода шудааст. Шояд дар вақташ онро пинҳон карда, ба ҷойи сохтмони масҷид эъмори дигар иншоот, аз қабили биноҳои истифодаи умум, маданӣ — маишӣ, ҷойи истироҳати мӯйсафедон ва ғайра нишон дода бошанд. Аз ин рӯ, ҳоло мушкилот пеш омадааст. Кӣ бояд онро рафъ намояд?
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»