Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия якҷо бо сокинони деҳаҳо канали Лоҳур, ки 36 сол рӯи таъмирро надидааст, дар масофаи 36 километр аз гилу хоку санг тоза гардид. Мебоист, ки зиёда аз 1800 гектар заминҳои корами хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигии сокинон бо оби полезӣ таъмин мешуд.
Мутаассифона, баъд аз як мавсими обёрӣ заминҳои корами киштшавандаи хоҷагиҳо ва наздиҳавлигии сокинон чун солҳои пеш бе об монд.
Сохтмони канали Лоҳур тирамоҳи соли 1959 оғоз гардида, моҳи майи соли 1960 ба анҷом расид. Дар кандани канал техникаи зарурӣ истифода шуда бошад ҳам, сокинони деҳаи Лоҳур ва атрофи он ба ҳашари умумӣ баромада, ба сохтмончиён ёрӣ расонданд. То ба анҷом расидани сохтмони канал, дар қисмати ҷанубии деҳа пойгоҳи обкашии №3 мавриди истифода қарор гирифт. Пойгоҳ обро ба баландии 150 метр, ба канали дигари навсохташуда интиқол медод, ки тавассути он заминҳои деҳаи Лоҳур ва деҳаҳои баъдан бунёдёфтаи Тайлонобод, Қосимобод, Галахона ва Тиллообод обёрӣ мешуданд.
Дар заминаи ин иқдом масоҳати заминҳои корам сол аз сол васеъ шуда, ба 7880 гектар расид. Чоруми январи соли 1962 хоҷагии (совхози) «Ҳосилот» ташкил шуду минбаъд заминҳои ин ҳудуд ба тавозуни он гузашт. Он давра дар се ҳазор гектар замини обӣ сабзавоту дигар маҳсулоти ниёзи аввал корида, ҳосили хуб мегирифтанд. Истифодаи самараноки замини лалмӣ низ назаррас буда, дар он ғалладонагиҳо, аз қабили гандум, зағир ва нахӯд кишт шуда, сол аз сол ҳосилнокӣ баланд гардид. Дар баробари равнақ ёфтани соҳаи кишоварзӣ, соҳаи чорводорӣ ҳам рушд ёфта, шир, гӯшт ва пӯст то ду баробар афзуд. Ҷамъоварии пахта ба 4500 тонна расид, ки ин ҳама дастовард ба шарофати сари вақт бо оби полезӣ таъмин гардидани заминҳои корам буд.
Канали Лоҳур то соли 1986 фаъолияти хуб дошт, зеро он ҳар сол баъд аз ҷамъоварии ҳосил, аз ҷониби Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия пурра тоза карда мешуд.
Мутаассифона, канали мазкур бо сабаби корношоям гардидани чор пойгоҳи обкашӣ тӯли 35 соли охир фаъолияти ғайриқаноатбахш дошт. Ин солҳо дар канал об меомад, вале ниҳоят кам буда, заминҳои корами хоҷагиҳои давлатӣ, деҳқонӣ, иҷоравӣ ва наздиҳавлигии сокинон бо об таъмин намегардид. Кишти такрорӣ бинобар бе обӣ дар вақти муайян гузаронида намешуд.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ вазъи баамаломадаро таҳлил намуда, ба хулоса расиданд, ки канали Лоҳурро навсозӣ карда, дар мавсими нави обёрӣ заминҳои ташналаби деҳоти «Лоҳур» — ро шодоб гардонанд. Моҳи декабри соли 2020 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таъмиру навсозии канали Лоҳур оғоз гардида, то 25 апрели соли 2021 идома ёфт. Дар ин раванд техникаи зарурӣ ва сокинони деҳаҳои Ҳаёти нав, Тубек, Маданият, Лоҳур, Тайлонобод сафарбар шуданд. Натиҷаи ҳашарҳои дастаҷамъӣ, кори шабонарӯзии мутахассисони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва техникаҳои соҳа буд, ки 26 апрели соли 2021 ба канали Лоҳур об ҷорӣ шуд.
Мардуми деҳоти «Лоҳур» аз ин иқдоми роҳбарияти ноҳия ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ қаноатманд шуда, аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинон аз замини наздиҳавлигиашон ду ҳосил рӯёниданд. Хурсандии онҳо дер давом накарду дар мавсими обёрии заминҳои корам, ки моҳи апрел оғоз мегардад, канали Лоҳур боз чун солҳои пеш бе об монд.
Сабаби вазъи бамиёномадаро аз масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ пурсидем. Тибқи иттилои сардори идораи мазкур Тоҷиддин Асомиддинов, канали Лоҳур аз канали Кӯктоши поён сарчашма гирифта, заминҳои ин минтақа тавассути пойгоҳҳои обкашии «Лоҳур», «Лоҳур» — 1, «Лоҳур» — 2, «Лоҳур» — 3, «Лоҳур» — 3а, «Лоҳур» — 4 ва «Лоҳур — 6» обёрӣ мешаванд. Соли 2021, баъд аз таъмиру навсозии канал мушкилоти беобӣ дар деҳоти Лоҳур пурра бартараф шуд. Вале соли равон дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои коркарди қуму шағал, ки шумораашон дар дарёи Кофарниҳон (ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ) беш аз 30 адад асту дар наздикии саргаҳи сарбанди ба канали Кӯктоши поён ҷоришаванда ҷойгиранд, сатҳи об паст шуда, канали Кӯктош бе об монд.
- Ҳарчанд соли равон 27 маротиба сарбандро бо харҷи 430 ҳазор сомонӣ мустаҳкам карда бошем ҳам, корхонаҳои номбурда ба мо имкон надоданд, ки заминҳои корами обии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигии сокинони деҳоти «Лоҳур» — ро бо оби полезӣ таъмин намоем, — бо таассуф изҳор намуд номбурда.
Тоҷиддин Асомиддинов гуфт, ки идора дорои 42 иншооти гидротехникӣ бо дарозии 256 километр буда, соли ҷорӣ бо шаш Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба маблағи 35 миллиону 668 метри кубӣ оби полезӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонид. Дар ноҳия 23 адад пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, аз ин 13 адад фаъол мебошад. Айни замон дар ду пойгоҳи обкашии минтақаи Хоҷабулбулон таъмири ҷорӣ идома дорад. Дар сурати фаъол гардидани онҳо 200 гектар замини корами Ҷамоати деҳоти «Эсанбой» низ бо оби полезӣ таъмин мегардад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»