Мақолаҳои зикршуда дар рӯзномаи «Садои мардум» (шумораҳои 134 (3928), аз 8 ноябр ва 136 (3930), аз 13 ноябри соли 2018) ба табъ расиданд. Дар матлаби аввал оид ба тақдири мавзее сухан мерафт, ки замоне кинотеатри тобистонаи «Ташкент» мавҷуд буд ва дар тӯли даҳсолаҳо яке аз ҷойҳои писандидаи сокинони пойтахт маҳсуб меёфт. Имрӯз он ба майдони холии ноҳамворе мубаддал гардидааст, ки табъи бинандаро хира месозад. Муаллиф зимни зикри ин ҳолат пешниҳод намуда буд, ки ҷиҳати таҳким бахшидани дӯстии байни миллатҳои бародари тоҷику ӯзбек дар ин ҷо бо номи қаблӣ — Тошканд ё Тошкент муассисаи фарҳангие бунёд карда шавад.
Дар мақолаи дигар — «Рӯди Душанбе, ту ҳамон ҳастӣ, ҳамон…» дар бораи вазъи на он қадар хуши дарёи Душанбе сухан мерафт. Муаллиф пешниҳод менамояд, ки дар қисматҳои ҳанӯз ноободи соҳил барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароит ба вуҷуд оварда, даруни дарё ба дарозои он тоза ва барои заврақрониву оббозӣ мувофиқ гардонида шавад.
18 декабр аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ин ду мақола чунин ҷавоб расид:
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба мақолаҳои «Кинотеатри тобистонаи «Тошкент» эҳё мешавад?» ва «Рӯди Душанбе, ту ҳамон ҳастӣ, ҳамон…» иттилоъ медиҳад, ки масъалаҳои мазкур таҳти омӯзиш ва баррасии ҳамаҷонибаи сохторҳои марбута қарор дошта, шаҳрдорӣ ҷиҳати ободонии мавзеъҳои зикршуда, ҳатман тадбирҳои лозимаро роҳандозӣ менамояд.
Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе