Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба мақомоти худфаъолияти ҷамоавии деҳаи Нушори поён 2-то, Шаҳристон 1-то, Ширинчашма 1-то бо арзиши умумии 736000 сомонӣ трактор тақдим гардид.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода техникаҳои мазкурро ба мақомоти худфаъолияти ҷамоавии зикргардида супорида, таъкид намуд, ки дар ҷавоби ин ғамхорӣ вазифадор ҳастем ба миллат ва Тоҷикистон содиқона хизмат кунем.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»