Обу ободонӣ

Киштаи деҳқон сабз шуд. Пойгоҳҳои обкашӣ дар чӣ ҳолатанд?

№48 (3528) 12.04.2016

9459469Имсол баҳор барвақттар омад. Аз ин рӯ, деҳқонон аз мусоидии обу ҳаво истифода карда, ба киштукор барвақттар шурӯъ намуданд. Мусаллам аст, ки вақте зироат кишт шуд, он ба об ниёз дорад. Дар мамлакат обёрии заминҳо ба воситаи ҷӯю  каналҳои худҷорӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ амалӣ мешавад.

Агентии беҳдошти замин ва обёрии наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи масъул дар самти таъмини заминҳои кишоварзӣ бо об мебошад.  Бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз рафти омодагӣ ба мавсими обёрии имсола ва корҳои анҷомёфта дар ин самт ба масъулини Агентии мазкур  муроҷиат намудем. Тавре  сардори Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентӣ Шафоат Назифов иттилоъ дод, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 752526 гектар замини обӣ мавҷуд буда, ба 553,2 ҳазор гектари он идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар асоси шартнома хизмат мерасонанд. Аз ин миқдор 280 ҳазор гектар замин тавассути 385 пойгоҳи обкашии дар мувозинабуда, ки дорои 1504 дастгоҳи обкашӣ ва 531 чоҳи амудианд, обёрӣ мешавад. Аз 385 пойгоҳи дар мувозинабуда 225 адади онро пойгоҳи обкашии силсилавӣ ташкил мекунад, ки обро аз 2 то 7 зина бароварда, 211,6 ҳазор гектар заминро бо об таъмин менамоянд. Пойгоҳҳои боқимонда якзинагӣ буда, тавассути онҳо 69,2 ҳазор гектар замин обёрӣ мешавад.

Мутаассифона, барориши  65 фисади дастгоҳҳои обкашӣ солҳои 1958-1970,  35 фоиз солҳои 1970-1986 буда, муҳлати техникии истифодабарии онҳо аз меъёр 2-4 маротиба гузаштааст.

- Барои пурра иваз намудани дастгоҳҳои обкашӣ ва муҳаррикҳои барқӣ зарур аст, ки 1274 дастгоҳи обкашӣ, муҳаррики барқӣ ва 620,2 ҳазор метри тӯлонӣ қубурҳои баландфишор  иваз карда шаванд, ки барои анҷоми ин кор 3,7 миллиард сомонӣ зарур аст, — иброз дошт Шафоат Назифов.

Агентӣ барои гузаронидани таъмир дар шабакаҳои обёрӣ, пойгоҳҳои обкашӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, иншооти обгузар ва селпарто нақша — чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ кардааст. Дар асоси фармоиши Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таъмирӣ тибқи нақша — чорабиниҳои таҳиягардида аз якуми октябри соли 2015 оғоз гардида, баъзеашон анҷом ёфтанд. То 31 марти соли равон 3216,7 ҳазор м3 шабакаҳои обёрӣ тоза карда шуданд, ки 94 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давра 1672,9 ҳазор м3 заҳбуру заҳкашҳо тоза шуда, 656 иншооти гидротехникӣ, 45 бинои пойгоҳҳои обкашӣ, 877 дастгоҳи обкашӣ, 125 чоҳи амудӣ, 181  зеристгоҳи барқӣ, 352 трансформатор, 1108  сулулҳо (ячейкаҳо), 113,8 км хатҳои интиқоли барқ аз таъмир бароварда шуданд, ки  мутаносибан аз 84 то 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Соли сипаришуда аз ҳисоби маблағҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ду муҳаррики барқии 2000 кВт, 750 гардиш/дақиқа дар пойгоҳи обкашии  «Дилварзин-2»-и ноҳияи Мастчоҳ,  як муҳаррики барқии 2000 кВт, 1000 гардиш/дақиқа дар пойгоҳи обкашии «Ёрӣ» — и шаҳри Панҷакент аз Ҷумҳурии Халқии Хитой харидорӣ ва васл карда шуд, ки дар натиҷа таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ хеле беҳтар гардид. Инчунин дар пойгоҳҳои обкашии Чумчуқҷари ноҳияи Ашт як дастгоҳи обкашӣ, «Файзободқалъа-1»-и ноҳияи Панҷ ва ноҳияи Дӯстӣ ду маҷмӯӣ дастгоҳи обкашӣ ва барои пойгоҳи обкашии «Кӯлобдарё-1»-и ноҳияи Восеъ як муҳаррики барқӣ харидорӣ ва васл карда шудааст. Дар ноҳияи Зафаробод низ дар заминаи ба кор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ҳолати таъминот бо оби 846 гектар замин беҳ шуд. Барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии «Ленин-2» –и ноҳияи Шаҳритуз, «Султонобод-1» ва «Султонобод — 2» — и ноҳияи Рӯдакӣ имкон фароҳам овардааст, ки 1473 гектар замин аз нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шавад.

Агентӣ дар асоси созишнома бо ширкати муштараки Тоҷикистону Хитой «Ҷунтай-Хатлон Синсилу» барои пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритуз ва Данғараи вилояти Хатлон 32 маҷмӯъ таҷҳизоти муосир  ворид карда, силсилапойгоҳҳои обкашии «Гароутӣ»-ро ба кор андохт. Дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритуз таҷҳизот дар ҳолати васлу насб қарор дошта, дар ноҳияи Данғара низ ин кор шурӯъ мешавад. Инчунин, дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби ҶДММ Иттиҳодияи аграрии «Водии заррин» ба гардиши кишоварзӣ даровардани 9,5 ҳазор гектар замин оғоз гардида, барои обёрӣ намудани он се маҷмӯъ дастгоҳҳои обкашӣ ва 163 км қубурҳои пластикӣ ворид шудааст.

Имсол бинобар сабаби дар моҳи феврал лағв кардани маҳдудияти қувваи барқ имкон фароҳам шуд, ки мавсими обёрӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ аз моҳи март оғоз ёбад.

- Масъалаи асосие, ки боиси ташвиши масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ин ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ мебошад, зеро сари вақт насупоридани ҳаққи хизмат ба он сабаб мегардад, ки қарзи Агентӣ дар назди дигар идораҳо, аз ҷумла ШСХК «Барқи Тоҷик» афзояд. Айни замон Агентӣ аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» 53 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар назди Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бошад, 42,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, — изҳор дошт дар поёни суҳбат Ш. Назифов.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»