Даромади умумии кишоварзони ноҳияи Лахш дар ҳафт моҳи соли 2022-юм 32 миллиону, 977,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,8 сомонӣ зиёд аст.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Тибқи дурнамо, соли 2022 дар 3150 гектар кишти картошка пешбинӣ гардид.
Бинобар тадбири сари вақт андешидашуда, дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар майдони 5402 гектар картошка ва дар 95 гектар сабзавот кишт гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ноҳия замини кишоварзӣ 136 ҳазору 631 гектар буда, аз ин 4480 гектар заминҳои корами обӣ мебошанд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»