Дастпарвари Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, сокини деҳаи Гулдараи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон Ҷасурбек Ҳайитқулов, ки айни ҳол ба таълими фанни таърих дар мактаби деҳа машғул аст, аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, дар ҳавлии худаш китобхонаи шахсиро бо теъдоди 1200 нусха китобҳои илмиву оммавӣ ва бадеиву бачагона таъсис дода, дари онро барои сокинон боз намуд.
- Сафи аъзои китобхонаи мо рӯз ба рӯз, ҳам аз ҳисоби хонандагони МТМУ №4-и деҳа ва ҳам худи сокинони маҳал, афзуда истодааст, — мегӯяд Ҷасурбек. — Дастури Пешвои миллат оид ба ривоҷ додани китобхонӣ ва баргузор намудани озмуни умумиҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» мо — сокинони деҳаро басо шоду мамнун кард. Ният дорам, миёни мизоҷони китобхона озмунеро дар пайравӣ ба озмуни умумиҷумҳуриявӣ ташкил намоям.
Ҷасурбек омӯзгори ҷавон аст. Бино ба гуфтаи худаш, ҳамагӣ 500 сомонӣ маош мегирад ва 10 — 15 дарсади онро барои харидани китоб харҷ мекунад.
Деҳаи Гулдара аз маркази маъмурии шаҳри Гулистон дар масофаи 70 километр дур, байни кӯҳҳо ҷойгир аст ва муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, китобхона, дар ин ҷо мавҷуд нест.
М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум».
Дар сурат: Ҷасурбек Ҳайитқулов китобҳои ба тозагӣ харидаашро ҷобаҷогузорӣ мекунад.
Сурат аз муаллиф