Навиштам номае

Кодекси нафақа ниёз ба такмил дорад

№52 (3532) 21.04.2016

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳаққи ятимону маҷрӯҳон ғамхорӣ зоҳир менамояд. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки ба маҷрӯҳони модарзодӣ  нафақаи якумрӣ дода намешаваду ҳар сол онҳоро сарсону саргардон карда, аз комиссияи тиббӣ мегузаронанд. Охир онҳо маъюби модарзодианд, узвҳояшон дуюмбора намесабзанд.

Масалан, Ҷамолбӣ Латифова (соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсӣ, 115, шаҳри Кӯлоб) аз рӯзи таваллуд ба бемории баромади гӯякҳо гирифтор аст. Ӯ шаш маротиба дар бинои чоруми Маркази миллии  тиббии Тоҷикистон (Қарияи Боло) бистарӣ ва ҷарроҳӣ шуда бошад ҳам, як соқи устухони пояш пӯсида, ба бемории осимилит гирифтор шудааст. Як пояш аз пои дигараш 5-6 сантиметр кӯтоҳ буда, дар ҳолати беҳаракатӣ қарор дорад. Панҷ сол пеш, бо сабаби пешниҳод накардани маълумотномаи тиббӣ шашмоҳа ва аз моҳи феврали соли 2014 то моҳи феврали соли 2015 яксола нафақаашро нагирифтааст. Ба Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб  муроҷиат намудааст, вале ба ӯ аз ин сохтори давлатӣ ҷавоб надодаанд. Ба ӯ маъюби гурӯҳи сеюм дода шудааст, ки ин ба меъёрҳои Кодекси нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намекунад.

Ба сокини деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеъ Шералӣ Гурезов, ки аз асп афтида миёнаш шикаст, баъд аз саргардониҳои шашмоҳа барои гирифтани нафақаи яксола иҷозат доданд. Ҷиёнгул Сафолова -истиқоматкунандаи деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеъ гирифтори бемории сил (такроран), мубталои диабети қанд, фишорбаландӣ ва фалаҷи тарафи чапи бадан буда, маҷрӯҳи гурӯҳи якум аст. Ӯ ҳамагӣ 125 сомонӣ нафақа мегирад. Ҳол он ки 16 сол собиқаи меҳнатӣ дошта, шаш фарзанд дорад ва чор моҳ боз нафақа нагирифтааст. Корманди Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Абдураҳим Каримов дар ҷавоби муроҷиаташ гуфтааст, ки нафақаи ин бемор аз 125 сомонӣ зиёд шуда наметавонад, зеро давраҳои таваллуди фарзандон ба собиқаи корӣ дохил намешавад. Ҳол он ки дар дигар давлатҳо барои кӯдакони ба балоғат нарасидаи оилаҳои маҷрӯҳгашта кумакпулӣ медиҳанд. Аз ҷумла дар Федератсияи Россия барои ду кӯдак 75 ҳазор рубл медиҳанд. Биноан, метавон гуфт, ки Кодекси нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз ба такмил дорад.

 

Бобои Темури Латиф,

сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб