Соли 2015 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи «Кохи бонувон» ширкат варзида, иброз намуданд, ки бояд занҳои хонашин ба шуғл фаро гирифта шуда, он маркази баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ табдил ёбад. Тибқи ин дастур, дар ин иншоот занҳо дӯзандагӣ, заргарӣ ва адрасбофӣ омӯхта, барои ин курсҳои бозомӯзӣ ташкил гардидаанд.
Дар ошёнаи якум коргоҳи дӯзандагӣ амал мекунад, ки бо 110 мошини дӯзандагӣ таъмин буда, дар он 54 нафар кор мекунад. Кошонаи ҳусн, коргоҳи адрасбофӣ ва ҳунарҳои миллӣ низ дар ин ҷой ҷойгиранд.
Бино ба гуфти мудири бахши занон ва оилаи МИМҲД ноҳияи Дарвоз Гулшан Абдурозиқова, соли 2019 дар марказ зиёда аз 15 чорабинӣ доир гардидааст.
Бонувон дар аввалин рӯзҳои хурӯҷи бемории коронавирус ба беморхонаи вилоятӣ 5000 ниқоб ва ба беморхонаи ноҳияи Дарвоз 500 ниқобу 60 хилъати сафед тақдим намуданд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»