Коллеҷи тиббӣ ба истифода дода мешавад

№129 (4712) 30.10.2023

КОЛЛЕЧ (2)Тавре директори Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» — и ноҳияи Муъминобод Давлатмурод Мирзоев изҳор дошт, алҳол сохтмони бинои Муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббӣ дар маркази ноҳия идома дорад. Бино аз се ошёна иборат буда, дар назар аст рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Инчунин, номбурда зикр кард, ки алҳол дар ҳудуди ноҳия сохтмони нуҳ муассисаи таълимӣ ва нуҳ синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дорад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 240 хонанда, МТМУ №12 — и деҳаи Деҳибаланд барои 360 хонанда ва бинои Маркази ҷавонон иборат аз ду ошёна дар маркази ноҳия рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегиранд.

КОЛЛЕЧ (3)Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ роҳи мошингарди Муъминобод — Ғеш — Чилдухтарон ба масофаи 8 километру 200 метр ва роҳи деҳаи Ҳанатарош ба масофаи 2 километр асфалтпӯш гардид.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»