КОНФЕРЕНСИЯИ МИНТАҚАВИИ КОРШИНОСОН ДОИР ГАРДИД

№ 10.10.2024

9 — 10 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Санҷиши поктинатӣ дар хизмати давлатӣ: таҷрибаи пешрафта, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳал» конфронси минтақавии коршиносон баргузор гардид.

Дар ин хусус аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки конфронси минтақавӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ (UNODC) доир карда шуд. Дар кори он коршиносони хориҷӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва намояндагони UNODC иштирок намуданд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

 «Садои мардум»