Аз фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Конибодом. Ду иқдоми шоиста баҳри пешрафт

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

фывфывВақте бо раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ бобати рафти обуна ҳамсуҳбат шудем, сухан аз боби мақолаҳои танқидӣ рафт. Ӯ гуфт:

- Албатта, танқид барои ислоҳи камбудӣ ва пешрафти кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мусоидат мекунад. Лекин дар мо навгониву пешрафтҳо низ ҳастанд, ки мутаассифона, аз ин боб кам сухан мегӯянд. Масалан, ду иқдом — ба фаъолият оғоз кардани ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи сабз» ва таъсиси корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар ҷамоатҳо барои кам шудани ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва ҳалли мушкили партовкашонӣ дар шаҳр мусоидат кард.

«ПАЙРОҲАИ САБЗ» БА КУҶО МЕБАРАД?

Дар бораи ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи сабз» ба мо роҳбари он Мавҷудахон Зоирова маълумот дода, аз ҷумла, гуфт:

- Ҷудошавии оилаҳои ҷавон чун дигар шаҳру навоҳии вилоят дар шаҳри Конибодом низ ташвишовар боқӣ мемонад. Ин зуҳуроти номатлуб сабабҳои объективию субъективӣ дорад. Табиист, ки яке аз сабабҳои асосӣ нофаҳмӣ байни зану шавҳарони ҷавон аст. Дигар сабаб, истифодаи  телефонҳои мобилӣ аз тарафи ҷавонзанон. Шавҳарҳо иддао доранд, ки «истифодаи телефони мобилӣ метавонад ба бероҳа шудани ҳамсарони дурафтодаашон (ин зумра дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд) сабабгор шавад.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дигар сабаби ҷудошавии оилаҳои ҷавон чизпарастист, ки гоҳо ҷониби арӯс ё домод ҳамдигарро барои набудани ин ё он моли қиматбаҳо таънаву маломат мекунанд.

- Хуб шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмил ёфт ва ба зоҳирпарастӣ нуқта гузошт, — мегӯяд М. Зоирова.

Бино ба маълумоти расмӣ, таи 11 моҳи соли равон ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи сабз» дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом 480 муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ намуда, аз ин миқдор 98 оила, ки азми аз ҳамдигар ҷудошавӣ доштанд, ба муросо расиданд. Иловатан 165 таъиноти хусусии суди шаҳр оид ба бекор кардани ақди никоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифта, 14 оила баъди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз раъяшон гаштанд.

-Аъзои ташкилоти мо шахсиятҳои баруманди шаҳранд, ки барои халқу Ватан хизмати шоиста кардаанду рӯзгори намунаи ибрат доранд, — мегӯяд дар идома роҳбари ташкилот.

Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ низ дар машғулиятҳои ташкилот, хосатан мавриди баррасии баҳси оилаҳо фаъолона иштирок мекунад.

Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки «Пайроҳаи сабз» ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ мебарад.

ТАЪСИСИ «КВД»-ҲО БА ОБОДӢ МУСОИДАТ КАРД

Табиист, ки барои таъсиси корхона ё муассиса дар ибтидо маб­лағи муайян лозим аст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои фаъолияти муназзами корхонаҳои воҳиди давлатӣ оид ба ободонӣ, ки асосан ба партовкашонӣ аз маҳаллаҳои шаҳр машғул аст, заминҳои дар захираи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатибударо ба ихтиёрашон гузаронд.

- Иқрор бояд шуд, ки то ин дам даромади асосиро аз ин гуна заминҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мегирифтанду ба ҷуз андози замин дигар маблағ ба давлат намепардохтанд, — гуфт муовини якуми раиси шаҳр Фирдавс Ёдгорӣ.  — Чун заминҳоро ба ихтиёри КВД-ҳо гузош­тем, даромади он барои ободонии ҷамоат, мустаҳкам намудани пойгоҳи техникии коргоҳ харҷ шуда истодааст.

Бино ба гуфти Ф. Ёдгорӣ, КВД-ҳо дар 6 ҷамоати шаҳр таъсис ёфта, ба 25 ҳазору 573 ҳавлӣ хизмат мерасонанд. Яке аз он коргоҳҳо дар деҳоти ба номи Ортиқов  бо номи «Деҳаи обод» фаъолият мекунад.

- Корхона ба 4700 ҳавлӣ хизмат мерасонад. Ҳар ҳафта як маротиба дар рӯзи муайяншуда партови аҳолиро бо усули «даъватӣ» (сигнальный метод) мекашонад, -мегӯяд, раиси Ҷамоати деҳот Ҳайдар Усмонзода. — Дар 11 моҳи соли равон муассиса ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ ба аҳолӣ хизмат расонида, аз иҷорадиҳии замин наздик ба 260 ҳазор сомонӣ даромад гирифтааст. Ин маблағҳоро ба ободонии ҷамоат сарф карда истодаем. Масалан, дар саҳни ҷамоат, дар (масоҳати 6 сотих) гармхона парвариши қаламчаи гули садбаргро бунёд кардем, ки нашъунамояш хуб аст. Баробари фарорасии фасли баҳор онро дар ҷойҳои зарурӣ мешинонем.

Бино ба маълумоте, ки ба мо аз шуъбаи рушди иқтисод ва савдо пешниҳод карданд, айни ҳол дар ихтиёри КВД-ҳои шаҳри Конибодом 643,7 гектар замин қарор дошта, аз ин ҳисоб 498 гектараш ба иҷора дода шудааст. Маблағи аз иҷора бадастомада — 1074710 сомонӣ ба корҳои ободонӣ сарф шудааст. Бо таъсиси КВД 36 ҷойи нави корӣ пайдо шуд ва мушкили баровардани партов, ки даҳсолаҳо инҷониб дар шаҳр мавҷуд буд, ҳалли худро ёфт.

Самариддин АСОЕВ,

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»