Дар шаҳри Конибодом баробари бунёди иншооти ҷавобгӯ ба талаботи замон, мактабу кӯдакистон, марказу бунгоҳҳои саломатӣ ва дигар нуқтаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, инчунин мумфаршкунии роҳҳо ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.
- Махсусан, дар ободии роҳҳои дохилишаҳрӣ саҳми соҳибкорон назаррас аст, — гуфт сардори дафтари матбуоти раиси шаҳр Парвина Абдуллоева.
- Масалан, — идома дод ӯ, — соҳибкор Равшан Азизов бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳи кӯчаи ба номи Ҳоҷӣ Алиевро ба дарозии 300 ва паҳноии 6 метр мумфарш кард. Ӯ чанд сол аст, ки дар ободии макон ва ҳалли мушкилоти сокинони маҳал ҳиссагузорӣ менамояд.
Иқдоми неки Равшан Азизовро дигарон низ пайравӣ карданианд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»