Дуюми июни соли равон бар асари боришоти зиёди борон дар деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва «Пӯлотон»-и шаҳри Конибодом сел омада, зарари ҷиддӣ расонд.
Бино ба маълумоти масъулин, дар деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов беш аз 32 хона хароб ва 9 манзил пурра вайрон шуда, наздик ба 50 сар чорвои сокинон нобуд гардид. Оромгоҳи «Фирӯзоба» низ осеб дида, дар кӯчаи ба номи Бобокалонов беш аз 50 хонаву ҳавлии сокинон хароб шуд.
Ҳамон рӯз бо ҷалби сохторҳои марбута бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ оғоз гардида, беш аз 250 сарбози қисмҳои низомӣ ҷалб шуданд. Баррасии хисороти воридшуда ояндаи наздик аз ҷониби комиссияи махсус муайян мешавад.
Сеюми июн раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом омада, бо бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос ва ба зарардидагон кумаки моддӣ расонд.
Ӯ зимни суҳбат бо зарардидагон таъкид кард, ки оқибатҳои офати табиӣ пурра бартараф карда шуда, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарардидагон бо се вақт хӯроки гарм, хайма, либосу ашёи зарурӣ таъмин ва аз хизматрасонии хадамоти беҳдоштиву санитарӣ бархӯрдор хоҳанд гашт.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»