Санаде, ки риояаш бароямон фарзу суннат аст
Шашуми ноябри соли равон аз рӯзи қабули волотарин ва муҳимтарин санади ҳуқуқии кишвар — Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 30 сол пур шуд.
Вақт довари таърих аст ва 30 соли сипаришуда ғалат будани фикри баъзе таҳлилгаронро собит намуд, ки онҳо қабули Конститутсия, шакли идоракунӣ ва ҳам шакли сохтори давлати қонунӣ дар соли 1994-ро ба нафъи ҳокимияти ҳамонвақта ва як гурӯҳи иҷтимоӣ маънидод мекарданд. Конститутсияи мо нисбат ба вазифаҳои ҳуқуқию муассисиаш аз ҳама муҳим ва беҳтару саривақтӣ вазифаи муттаҳидгардониро ба иҷро расонид.
Дар марҳилаи хеле ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ бо роҳбарию роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон бо қабули Конститутсия падидаи хеле нодири охири асри ХХ — фарҳанги сулҳи тоҷиконаро эҷод ва дар амал татбиқ намуд, ки оламиёнро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзиши институтҳои тадқиқотию илмии ҷаҳонӣ гардид.
Аз рӯи анъана, конститутсияҳо дар давраҳое қабул карда мешаванд, ки давлату ҷомеа аз як сатҳи инкишоф ё худ форматсияи ҷамъиятӣ ба сатҳи дигари инкишоф гузариш мекунанд. Табиист, ки чунин гузариш бе нуқсон буда наметавонад, нороҳатӣ ва норозигии гурӯҳеро нисбат ба гурӯҳи дигар ба вуҷуд меорад. Дар чунин вазъ аз мафкураи пурҳаяҷони ҷомеа ҳар гуна ташаннуҷ, бесарусомонӣ ва зиддияту ихтилофи шадидро интизор будан имконпазир аст.
Пешгирии чунин ҳолат ба равиши омодагӣ ва қабули конститутсия вобастагии бевосита дорад ва он метавонад ба як санади ризоият ва ваҳдати умум табдил ёбад. Маҳз Конститутсияи соли 1994 ба ҳамин гуна санад табдил ёфт.
Аҳамияти фавқулода бузурги Конститутсия на танҳо дар таҳкими пояҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии давлати навистиқлоли тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани шакли идора, балки дар моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат доштани он аст.
Дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон баъди Россия дувумин шуда, соҳиби Конститутсия гардид ва ин Конститутсия дар радифи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд.
Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ бояд ба рушди мунтаззаму устувори институтҳои базавии демократӣ мусоидат намояд, ки интихоботи озоду шаффоф, интихобӣ будани ашхоси мансабдор, озодии афкор, дастрасӣ ба сарчашмаҳои алтернативии иттилоот, ҳуқуқҳои умумии шаҳрвандӣ, мухторияти ассотсиатсияҳо (ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо аз рӯи манфиат, ҷамъиятҳои шаҳрвандон ва ғайра) ба онҳо шомиланд.
Новобаста аз муҳлати хеле кӯтоҳи қабули Конститутсия институтҳои базавии демократӣ дар Тоҷикистон рушди муътадил пайдо карданд. Чунончи, интихоби озоду демократӣ (интихоботҳои Президенти мамлакат дар солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва интихоботи намояндагон ба маҷлисҳои маҳаллӣ, раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия) сари вақт ва бо иштироки нозирони дохиливу хориҷӣ мегузарад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол беҳтарин арзишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос кардааст, аммо ин маънои онро надорад, ки бе инкишофи шуури иҷтимоӣ Конститутсия худ аз худ ҷомеаро дигар мекарда бошад. Сатҳи шуури иҷтимоӣ аз худшиносии иҷтимоию маънавии шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад.
Маҳз ҳамин гуна сатҳи шуур ва худшиносӣ дар сиришти мардуми тоҷик буд, ки хавфи таназзули давлат дар солҳои душвори 1993-1997 аз байн рафт.
Ба шарофати ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайгиронаву шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозии тамоми соҳаҳои зиндагӣ аз ислоҳоти қонунгузорӣ дар партави Конститутсияи нав оғоз шуд. Хусусияти аз ҳама муҳим ва ҷолиби диққати Конститутсия ба мафкураи ягон ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтани он аст.
«Демократия дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки ҳокимият ба дасти қонун аст», — чунин нуқтаи назари Пешвои миллат аз мақоми баланди ҳуқуқӣ доштани Конститутсия дар системаи ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад. Хеҷ як санади ҳуқуқии дигар наметавонад, ки ягон меъёри хилофи Конститутсия дошта бошад ва агар дошта бошад, эътибори ҳуқуқӣ надорад.
Баҳри ҳифзи Конститутсия мақоми махсуси ҳокимияти судӣ — Суди конститутсионӣ ташкил карда шудааст, ки вазифаи он муайян кардани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ бо меъёрҳои Конститутсия мебошад.
Вақте сухан оид ба масъалаи қонуният ва тартиби амалигардонии муқаррароти Конститутсия меравад, иқрор шудан лозим аст, ки бидуни интихоби шакли мувофиқи идоракунии давлатӣ, яъне ҷумҳурии президентӣ, ба ташаккули конститутсионализм — назария ва амалияи ташкили ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мувофиқи Конститутсия муваффақ шудан ғайриимкон буд.
Ғайр аз ин, конститутсионализми муосир эътирофи бечунучаро ва дар амал бе монеа татбиқшавии номгӯи васеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва афзалияти ҳуқуқи инсонро нисбат ба манфиатҳои давлат пешбинӣ мекунад, ки марҳилаи ҳозираи рушди қонуният аз вокеӣ будани ин амал низ баръало гувоҳӣ медиҳад. Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти қонунгузор мутобиқи Конститутсия қабул гардида, меъёрҳои он бевосита ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ равона гардидаанд.
Дар шароити муосири рушду пешрафти кишвар вазифаи муҳимтарини мо дар заминаи Конститутсия коркарду таҳияи қонунҳоест, ки ба танзими оқилонаи муносибатҳо дар соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт вобаста бошанд.
Барои иҷрои ин амал аз дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода бояд кард: «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имкониятҳои он ҳар чӣ бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад».
Намоз АМОНЗОДА,
судяи суди шаҳри Душанбе