Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузургест, ки заминаи ҳуқуқии давлати соҳибистиқлолро асос гузошт. Он шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдорӣ, ҳимояи ҳадаф ва манфиатҳои миллӣ буда, кишварро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад. Ин меъёр ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин буда, дар конститутсияи аксар давлатҳои демократии дунё ифода ёфтааст. Аз тариқи меъёри зикршуда Тоҷикистон худро узви ҷомеаи башар, мубориз барои арзишҳои ҳуқуқӣ, қонун ва демократия муаррифӣ намудааст.
Конститутсия давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад. Бояд гуфт, андеша ва назарияи давлати иҷтимоӣ ҷузъи таҷрибаи давлатдории ҷаҳони мутамаддин мебошад, ки дар конститутсияҳои давлатҳои Аврупо ва кишварҳои дигар ба таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа нигаронида шудааст. Ифодаи ин меъёр дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди сокини кишвар, аз ҷумла, таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахӯрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, таъмини инкишофи озодонаи ҳар шахс хизмат мекунад. Дар заминаи ин меъёр ҳадаф, мазмун ва самтҳои сиёсати иҷтимоии давлат муайян, қонунҳо, барномаҳо ва дигар чорабиниҳо қабул ва роҳандозӣ мегарданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бевосита аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон қабул шудааст, ирода ва мақсаду мароми халқро таҷассум менамояд. Тибқи он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф шудааст.
Конститутсияи мамлакат заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Тибқи он гузариши ҷомеа аз низоми сиёсии якҳизбӣ ба низоми сиёсии нави бисёрҳизбӣ таъмин гардид. Инчунин, имкон доштани инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон намуда, фаъолияти ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистидоштаро иҷозат дод. Бояд гуфт, ки чунин меъёри конститутсионие, ки фаъолияти ҳизбҳои тамоюли динидоштаро иҷозат медиҳад, дар таҷрибаи конститутсионии ҷаҳон меъёри нодир мебошад. Ин амр аз мазмуни демократӣ доштани Конститутсияи Тоҷикистон далолат мекунад. Дар асоси ин меъёр дар кишвар таъсис ва фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ ба роҳ монда шуд.
Зимнан, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ин меъёри конститутсионӣ ба гузариши ҷомеа аз мафкураи ягонаи давлатии марксистӣ-ленинӣ ба гуногунандешии мафкуравӣ замина гузошт. Ин аст, ки тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ раванди гуногунандешии мафкуравӣ дар кишвар босуръат густариш ёфт. Ҷомеа ба назарияҳои нави эътирофшуда, аз қабили давлати ҳуқуқбунёд, давлати иҷтимоӣ, таҷзияи ҳокимият, ҳуқуқи фитрии инсон, тафтиши судии конститутсионӣ ва монанди инҳо рӯ овард. Ҳамчунин, рӯ овардани аҳли ҷомеа ба фарҳанги миллӣ ва осори илмиву бадеӣ ба миён омад. Дар ҷомеа омӯзишу истифодаи андешаву назарияҳо ва намунаҳои ҷудогонаи осори таърихӣ оғоз гардид, ки пештар мамнӯъ буд. Дар раванди омӯзиши осори фарҳангии ҷаҳонию ватанӣ истифодаи ҳар чӣ бештари осори динӣ низ аҳамияти муҳим пайдо кард. Мисоли равшани ин раванди воқеан муҳими фарҳангӣ гиромидошти эҷодиёти чеҳраҳои намоёни фарҳанги исломӣ, аз ҷумла, Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гаштани соли 2009 мебошад.
Дар Конститутсияи ҷумҳурӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардидааст. Аз ин ҷиҳат аз конститутсияҳои замони шӯравӣ тафовут ва ба қонунҳои асосии ҳозираи давлатҳои демократӣ, муқаррароти санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон шабоҳат дорад. Тибқи Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун маҳаки фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунӣ, нишонаи сифати ҳуқуқии санадҳои меъёрии онҳо эътироф мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Қонуни асосӣ дар кишвар аст, ки дар он таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, тартиби ташкил, ваколатҳо ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ифодаи қонунӣ ёфтааст. Таҷрибаи амалӣ гаштани ин меъёрҳои конститутсионӣ солҳои Истиқлолияти давлатӣ заминаи ташкилу фаъолияти муътадили ҳама рукни ҳокимияти давлатӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи кишвар ҳуҷҷати барномавӣ мебошад ва дурнамои пешрафти давлатро муайян мекунад. Ҳама гуна конститутсия барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо қабул мешавад. Конститутсия бо як марҳалаи нави таърихии инкишофи ҷомеа ва давлат алоқаманд буда, ба таъсиси давлати шаклан нав асос мегузорад. Аз санаи қабули конститутсия таърихи нави инкишофи ҷомеа оғоз ва дар он ҳадаф ва самтҳои пешрафти ҷомеа ва давлат барои даҳсолаҳо пешбинӣ мешаванд. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеа дигаргунии соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ оғоз гардиданд ва самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеа муайян шуданд.
Ҳамин тавр, Қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад. Он дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷои аз ҳама баландро соҳиб буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Тағйиру иловаҳо ба он танҳо аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Ҳама санади меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи мамлакат, бояд ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ бошанд.
Намоз АМОНЗОДА,
судяи Суди шаҳри Душанбе