Бо ин ном дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд.
Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ҳозиринро ба ифтихори ҷашн табрик намуда иброз дошт, ки маҳз бо дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем дар таърихи навини давлатдорӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлолро, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, қабул намоем. «Боиси ифтихору шодмонӣ ва сарфарозии мо — тоҷикон аст, ки имрӯз ба шарофати ваҳдату сарҷамъӣ дар фазои орому осудаи Ватани маҳбубамон 30-юмин солгарди қабули Конститутсияро таҷлил менамоем. Ба туфайли қабули он появу низом ва институтҳои давлатдорӣ тақвият ёфта, ба ҳама гуна бенизомиҳои солҳои пешин нуқта гузошта шуд ва имрӯз Конститутсия асоси рушди давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа аст», — тавзеҳ дод номбурда.
Дар идома маърузаҳо дар мавзуъҳои «Таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Конститутсия — кафили рушди босуботи кишвар», «Конститутсия — бахтномаи миллат» ва ғайра ироа шуда, як гурӯҳ кормандони муассиса бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»