«Конститутсия ва 30 қадами устувор дар роҳи ваҳдат ва қонуният»

№ 24.06.2024

FB_IMG_1717995848284Дар ноҳияи Ванҷ бо ин ном конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф ва муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иштирок доштанд.

FB_IMG_1717995859554Алишер Мирзонабот дар ифтитоҳи чорабинӣ изҳор намуд, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд. Ин санаи таърихӣ дар радифи Истиқлолияти давлатӣ ва дигар санаҳои таърихӣ бароямон муқаддасу гиромӣ мебошад.

- Ҳазорон фарзандони ҷонсупори Ватан барои бақои давлату миллат, барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ ва истиқрори сулҳу субот дар майдони ҳарб ва дар арсаи сиёсат фидокориҳои бемисл нишон доданд. Бархе аз ин фарзандони асил дар ин масири таърихию тақдирсоз барои ҳастии миллат ҷони худро аз даст дода, заминаи устувор барои ҳаёти босаодати имрӯзаи мо ва ояндаи дурахшони миллат гузоштанд, — афзуд раиси ВМКБ.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати  ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзуи  «Конститутсия — кафили ваҳдати миллӣ», раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия — омили таъини амнияти давлат, сулҳу субот ва рушди ҷомеа», муовини якуми  раиси ҲХДТ вобаста ба «Масъулияти шаҳрвандӣ — омили таҳкими суботу амният ва ваҳдату ягонагӣ» ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Волоияти қонун — омили сиёсии пойдории давлат» маъруза намуданд.

FB_IMG_1717995897264Дар конференсия, инчунин, раисони ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Ванҷ ва сокинон андешаҳояшонро иброз карда, ба Пешвои миллат барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва рушди бесобиқаи шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори миннатдорӣ намуданд.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»