Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин ва асоситарин санади меъёрӣ-ҳуқуқиест, ки тамоми қонунҳои мамлакат аз он ибтидо мегиранд, дар асоси он эҷод ва қабул мегарданд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун яке аз беҳтарин конститутсияҳо эътироф гардидааст, зеро он, метавон гуфт, ки аз ҷониби тамоми халқҳои Тоҷикистон эҷод шудааст. Лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, омода ва ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд. Мардуми Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодшударо омӯхта, фикру мулоҳизаҳои худро баҳри мукаммал намудани он ба Комиссияи конститутсионӣ пешниҳод намуд. Ба Комиссияи мазкур зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳодот ворид гардида буд, ки ҳамаи он омӯхта, ба инобат гирифта шуд ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ана аз ҳамин лиҳоз, мо ҳақ дорем бигӯем, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми сокинони Тоҷикистон эҷод намудаанд ва он мақсаду мароми халқи Тоҷикистонро ифода мекунад.
Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароите омода гардид, ки дар мамлакат ҳанӯз оташи ҷанги дохилӣ хомӯш нагардида буд. Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати Комиссияи конститутсионӣ кӯшиш ба харҷ медоданд лоиҳае ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шавад, ки дар он барои идомаи низоъҳои миллӣ ягон асос ва заминае боқӣ намонда бошад. Ҳамин тавр ҳам шуд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст: «Дар Қонуни асосӣ аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табиии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи қонунҳои асосии кишварҳои пешрафта қарор медиҳад». (Эмомалӣ Раҳмон, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», Душанбе, «Ирфон», соли 2005, саҳ.542).
Тавре мушоҳида мешавад, дар Тоҷикистон ҳама масъалаҳои муҳимтарин, аз ҷумла қабул ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат, бо дарназардошти иродаи мардум, ҳалли худро меёбанд. Расидан ба Ваҳдати миллӣ низ аз иродаи миллати тоҷик бармеомад, ки дар натиҷаи кӯшишҳои хирадмандонаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Ҳамагон шоҳиданд, ки ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат фикру андешаҳои мухолифин ба назар гирифта шуд, ки ин амали оқилона боиси гузоштани қадамҳои устувор дар ҷодаи расидан ба Ваҳдати миллӣ гардид. Аз ҷумла ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 28-ум ворид карда шуд.
Мувофиқи ин модда, сокинони мамлакат ҳуқуқ пайдо намуданд, ки ҳизбҳои гуногуни диниву дунявиро таъсис диҳанд ва ин иқдом барои татбиқи плюрализми сиёсӣ шароит фароҳам овард.
Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона, ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо раъйпурсии умумихалқӣ дароварда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ба таҳкими Ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намуданд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣ арзи вуҷуд намуд, ки он дар инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд.
Мутобиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудани фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ низ самараи ҳамин тағйиру иловаҳо мебошад.
Миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифта тавонад, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад. Хушбахтона, имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Сардори хирадманди давлати тоҷикон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор дорад.
Рӯйдодҳои охири олам собит намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи давлати тоҷикон дар ҳалли пешгирии низоъ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ беҳтарин ва озмудашуда мебошад. Миллати шукргузори тоҷик ва ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамудаашон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи муқаддас миллатро бемуҳобо ба манзили мурод мерасонад. Конститутсияи мо чунонки пештар низ зикр намудем, аз ҷумлаи беҳтарин ва одилонатарин конститутсияҳост. Мусаллам аст, ки баҳои ҳақиқию одилонаро ба Конститутсияи мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додааст: «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Бо ин мақсад, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти доираҳои васеи аҳолӣ, намояндагони гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла собиқ мухолифин, ба инобат гирифта шудаанд. Дар он кулли талаботи ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар бахши ризоияти миллӣ ифодаи худро ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарвоқеъ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон гардид. Чунин таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон ҳоло чун намунаи ҳалли низои дохилӣ эътироф шудааст». (Эмомалӣ Раҳмон «Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», Душанбе, 2009, саҳ.10).
Фотеҳ ҚУВВАТОВ, коромӯз — судя