Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳринав

№16 (4599) 25.01.2023

Баҳри пешгирии нобудшавии ҳайвоноту парандагони даштӣ дар фасли зимистон дар мавзеи Қаратоғи ноҳия аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.

Бо ин мақсад 200 кг ҷуворимакка, 200 кг гандуму ҷав, 200 кг намак ва 500 кг хасу хошок дар минтақаҳои дахлдор гузошта шуд.

Анҷом додани чунин корҳо дар дигар минтақаҳои баландкӯҳи ноҳия низ пешбинӣ шудааст.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»