Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

№ 21.02.2025

Дар деҳаи Шербегиёни деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи … бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони маҳал  дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтумони  толори варзиш   оғоз гардид.

Тибқи лоиҳа толори варзиш 12 метр паҳноӣ дошта, дарозии он 24 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Чанде пеш бо саҳми соҳибкорону сокинони деҳоти Сафедчашма роҳи  деҳаи Шербегиён то деҳаи Улфатобод дар масофаи 2,2 километр тахту ҳамвор  карда шуд.

Д. МИРЗО,

 «Садои мардум»