Ноҳияи Кӯшониён дар партави сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, аҳли заҳмати ноҳия дар давоми 9 моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардиданд, — иброз дошт зимни суҳбат раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода.
Аҳли заҳмати ноҳия баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷаҳду талош намуда истодаанд.
- Дар ноҳия ба ифтихори ин ҷашни фархунда бунёду навсозии 252 иншооти таъиноти гуногун, аз қабили сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 67 синфхонаи иловагӣ, 18 бунгоҳи тиббӣ, 18 маркази саломатӣ, 3 сартарошхона, 4 коргоҳи хурди дӯзандагӣ, корхонаи коркарди сангу шағал, корхонаи мевахушккунӣ, корхонаи нассоҷӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти офтобпараст, корхонаи коркарди меваю сабзавот, коргоҳи хурди истеҳсоли хиштҳои сементӣ, 2 сардхона, 84 мағозаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, 2 майдончаи варзишӣ, 2 дорухона, таъмири 4 муассисаи томактабӣ, 6 муассисаи таълимӣ, 31,2 километр роҳу 3 пул, насби 11 трансформатор, чароғонсозии 4,2 километр роҳ ва бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, аз 252 иншооте, ки ба нақша гирифта шудааст, 17 адади он коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мебошанд.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти дар нақшабуда зиёда аз 400 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд, — гуфт раиси ноҳия.
Тибқи нақша, соли ҷорӣ бояд 22 иншоот сохта шавад, ки то инҷониб аллакай 20 – тои он бунёд шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бино ба маълумоти расида, бо ташаббуси соҳибкор Фирдавс Достиев ва маблағгузории грантии USAID ACTED бо харҷи 2 миллиону 484 ҳазор сомонӣ корхонаи мевахушккунӣ, бандубасти меваю сабзавот ва маркази логистикӣ бунёд гардид, ки дар он 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
- Дар арафаи ҷашни 25 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти корхонаҳои сохташаванда» – и Вазорати нақлиёт дар шаҳраки Бӯстонқалъа сохтмони пул ба анҷом расонида шуд, ки маблағи он зиёда аз 3 миллион сомониро дар бар мегирад. Дарозии пул 85 метр буда, паҳноиаш 3,2 метр мебошад ва иқтидори бардоштани он 15 тонна вазнро дорад. Ҳамчунин се мағозаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, нуқтаи таъмиру шустушӯи нақлиёт, дӯкони хизматрасонии компютерӣ ва толори сақобозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар онҳо беш аз 30 нафар сокинон бо ҷои кор таъмин гардиданд. Ҳоло дар беш аз 20 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ бомаром идома доранд, — гуфт Икромиддин Вализода.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ноҳия 41 адад корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 56 номгӯи молу маҳсулот истеҳсол мешавад. Дар нуҳ моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 243 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 миллону 257 ҳазору 100 сомонӣ зиёд мебошад.
Ноҳияи Кӯшониён яке аз таъминкунандаҳои асосии бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ буда, саҳми деҳқонони ноҳия дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат назаррас мебошад. Аҳли заҳмати ноҳияи мазкур ҳар ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода бурда, бо ин васила ҳам буҷети оилаи хешро ғанӣ мегардонанд ва ҳам бозорҳои мамлакатро бо меваю сабзавоти тару тоза таъмин мекунад. Гуфта мешавад, ки кишоварзони ноҳия то 1 октябри соли 2022 дар майдони 1232,4 гектар ғалладона, 1181,4 гектар гандум, 51 гектар ҷав ва супӣ (овёс), 188 гектар ҷуворимакка барои дон, 180 гектар шолӣ, 453 гектар картошка, 1722,7 гектар сабзавот, аз ҷумла пиёз 231 гектар ва 180,5 гектар полезиҳо кишт карда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.
Дар 9 моҳи соли сипаришуда аз заминҳои киштгашта 25 ҳазору 892 тонна ғалладона, 133 ҳазору 213 тонна сабзавот, 11 ҳазору 616 тонна полезӣ, 18 ҳазору 108,7 тонна картошка, 13 ҳазору 911 тонна мевагиҳо ва 5931 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 100,1 то 125,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра аз ноҳияи Кӯшониён ба хориҷи кишвар 4501,5 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
- Мардуми шарафманди ноҳияи Кӯшониён минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Давлату Ҳукумати мамлакат ва шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд, — илова кард Икромиддин Вализода.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»