Корҳои тарғиботиро миёни ҷавонон зиёд бояд бурд

№73 (3374) 28.05.2015

Ба муносибати эълон гардидани «Сӣ рӯзи ҷавонон» дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вохӯрии гурӯҳи корӣ аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои дини Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор бо ҷавонони фаъол, намояндагони маорифу фарҳанг ва аҳли уламои дини шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ расонидани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 январи соли 2015), баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон, пешгирии падидаҳои номатлуб, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ҷилвагирӣ аз вайроншавии оилаҳои ҷавон, тақлиди бегонапарастӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, нигоҳ доштани фарҳангу тамаддуни миллӣ буд.

Зикр гардид, ки ҷавонон бо сабаби нодонии худ ба гурӯҳҳои ифротгаро ворид шуда, ҷони худро дар хатар ва хешовандону наздиконашонро дар ҳолати ноҳинҷор мемонанд. Ҳамзамон тоҷиконе, ки дар кишварҳои хориҷ меҷанганд, ба шаъну шарафи миллати тоҷик иснод меоранд, обрӯю эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ поин мебаранд.

Дар ҷамъомад аз иштирокдорон хоҳиш  карда шуд, ки миёни ҷавонон бештар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда, эшонро ба меҳанпарастиву донишандӯзӣ даъват ва шомилшавии онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгаро пешгирӣ намоянд.

Дар фарҷом гурӯҳи корӣ ба суолҳои зиёди иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»