Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунонии босуръати кишвар корхонаи истеҳсоли қанди сефед мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре, зимни суҳбат роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Баҳром Исозода иброз намуд, корхонаи мазкур бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Рустам Мӯссоев бунёд гардида, иқтидори истеҳсоли он дар як шабонарӯз 14 тоннаро ташкил медиҳад.
Айни замон дар ин корхона 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашта, масъулин нақша доранд дар оянда доираи фаъолияти хешро васеъ намоянд.
Бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ имкон медиҳад, ки бекорӣ миёни сокинон коҳиш ёфта, сатҳи зиндагии онҳо баланд бардошта шавад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»