- Гузашти замон наметавонад аз хотири башарият мардонагӣ ва устувории халқҳои Иттиҳоди Шӯравиро, ки барои ҳифзи Ватан бархоста буданд, зудояд. Мо рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдовар шуда, мекӯшем амиқтар дар бораи омилҳои барангезандаи эҳсосоти қаҳрамониву ҷонфидоии онҳое, ки барои ҳифзи Ватан сина сипар карданд, барои бо хӯроку пӯшок ва силоҳ таъмин намудани сарбозон дар ақибгоҳ ҷонфидоёна заҳмат кашиданд, андеша ронем, моҳияти масъаларо хубтар дарк кунем ва онро тарғиб намоем. Муборизае, ки халқи шӯравӣ бар зидди фашистони Олмон мебурд, набарди одилона, озодибахш ва муқаддас буд, ки омили муҳими ғалаба, ваҳдат ва якмаром будани ҷабҳаву ақибгоҳ гардид, — мегӯяд раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан Абдуваҳҳоб Қаюмов.
Бино ба гуфтаи ӯ, Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки 1418 шабонарӯз давом кард, ба мардуми олам ранҷу азоби беандоза оварда, яке аз фоҷиаҳои бузургтарин дар таърихи башарият ба ҳисоб меравад. Иттиҳоди Шӯравӣ барои аз фашизм раҳоӣ бахшидани башарият ҳиссаи арзанда гузошт. Дар мубориза бо Иттиҳоди Шӯравӣ артиши Олмон 73 фоизи сарбозону афсарон, 75 фоизи танк, артиллерия ва авиатсияи худро аз даст дод.
Бештар аз 300 ҳазор нафар фиристодаи Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонбозиву қаҳрамонӣ нишон доданд ва 90 ҳазори онҳо шаҳид шуданд. Барои корнамоиву мардонагӣ 57 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 15 нафар ба гирифтани ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» шарафманд гардиданд.
-Дар қатори дигар фарзандони халқи тоҷик ҷавонони шаҳри Истаравшан низ дар ин Ғалабаи бузург ҳиссаи калон гузоштаанд, — мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Аз ин ҷост, ки имрӯз барои зинда гардонидани ному кори қаҳрамонон Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр хизмати арзанда менамояд. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои дар бойгонии Комиссариати ҳарбии шаҳр маҳфузбуда, муайян кардаанд, ки дар солҳои ҷанг аз шаҳру ноҳияи Ӯротеппа (Истаравшан) ва ноҳияи Шаҳристон 25 ҳазор нафар ба фронт сафарбар шудаанд, ки 12 ҳазор нафари онҳо аз ҷанг барнагаштанд.
- Солҳои ҷанг барои мардуми ақибгоҳ низ осон набуд. Онҳо бо вуҷуди мушкили зиёди зиндагӣ барои таъмини сарбозон бо хӯрокворӣ, сарулибос ва дигар маҳсулоти зарурӣ шабу рӯз меҳнат мекарданд. Худ гуруснаву бараҳна буданд, вале ҳама чизро ба фронт барои Ғалаба мефиристоданд, — мегӯяд Абдуваҳоб Қаюмов ва идома медиҳад: — Сокинони шаҳр маблағҳои ҷамъкардаашонро барои ташкили колоннаҳои танкии «Комсомоли Тоҷикистон», «Колхозчии Тоҷикистон», «Коркуни тибби Тоҷикистон», «Муаллими халқии Тоҷикистон», «Эскадрилияи самолётҳои Тоҷикистони советӣ» ирсол мекарданд. Раисони колхозҳои «Чорводор» — Каримов 150 ҳазор, «Меҳнат бирлик» — Худойбердиев 140 ҳазор, «Стаханов» — Олимов 120 ҳазор, «Иҷтимоиёт» — Маъмуров 110 ҳазор, «Болшевик» — Раҳим Бойқӯзиев 100 ҳазор ва «Чапаев» — Акрамов 105 ҳазор сӯм маблағи худро барои фронт сарф карданд. Ҷавобан ба дастгирии мардуми ақибгоҳ ҷанговарон дар ҷабҳа қаҳрамонӣ нишон медоданд ва ба мардуми ақибгоҳ хушхабар мефиристоданд.
-Масалан, собиқ коргари Заводи шаробкашии шаҳри ҳамонвақтаи Ӯротеппа Муҳаммадӣ Иброҳимов 6 июли соли 1941, яъне баъди 14 рӯзи саршавии ҷанг, қаҳрамонии бемислу монанд нишон додааст. Вай дар ҷанги чорсоата 16 автомашина ва 6 танки душманро нобуд карда, ба гирифтани ордени «Ленин» сазовор шудааст. Ҳамшаҳриёнаш ба ӯ мактуб навишта, бо чунин суханон табрик кардаанд: «Мо бо ту фахр мекунем, фарзанди азизи Тоҷикистон. Душманро қир кун, раҳм накун. Дар қалби ҳар яки мо нисбат ба ин душманони қотил нафрат ҷӯш мезанад. Мо ба ғалаба боварӣ дорем».
Ҷанговари истаравшанӣ Раҳим Раҳмонов аз деҳаи Вогат, Абдуназар Фармонқулов аз деҳаи Нофароҷ ва Александр Куришев барои мардонагӣ дар муҳорибаҳо бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мукофотонида шудаанд. Маҳорати ҷангии пулемётчӣ Мирзо Бобоҷонов ба ҳама маълум аст. Пулемёти ӯ «Максим-265» ҳамчун нишони қаҳрамонӣ дар Осорхонаи марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Москва нигоҳ дошта мешавад.
Имрӯз дар шаҳру деҳоти Истаравшан 15 нафар иштирокчии ҶБВ ва 209 нафар заҳматкаши ақибгоҳ бо панду насиҳатҳои худ ҷавононро ба хушахлоқӣ, ватандӯстӣ, омӯзиши илму ҳунар, дӯст доштану ҳифз кардани Ватан ҳидоят менамоянд, ки Абдуллоев Ибодулло, Қутбиддинов Акмал, Низомов Ҷаббор, Рустамов Турсунмурод, Тешаев Мирраҷаб, Додоев Нарзулло, Пӯлотов Комил, Сарапп Алвина Семёновна, Мадаминов Шокир, Неъматов Абдувоҳид, Додобоев Саидмурод, Аҳмадҷонов Набӣ аз ҷумлаи онҳоянд.
- Мардуми Истаравшан далерӣ, мардонагӣ ва қаҳрамонии фарзандони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Хотираи дурахшони онҳо абадӣ боқӣ хоҳад монд. Гимназияҳои №1, №5, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №37, 3, 9, 21, 22, 31, 43 ба номи иштирокчиёни ҶБВ Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Раҳим Раҳмонов, Мирзо Бобоҷонов, Тоҷиддин Зиёваддинов, Усмон Қосимов, Раҳим Бойқӯзиев, Шариф Тешаев номгузорӣ шудаанд. Дар маркази шаҳр, деҳаҳои Пошкент, Чорбоғ, Ҷарқӯрғон, Боғи Калон, Сахсиён, Маҳаллаи Ясӣ, Нофароҷ, Кунҷок, Навобод, Вогат, Қалъачаи Араб муҷассамаҳои ёдбуд бунёд ва ному насаби ҷанговарон сабт гардидааст. Бо номи иштирокчиёни ҶБВ Раҳим Солиев, Акрам Мирраҷабов, Ғоибназар Абдуллоев, Аъзам Маҳмудов, Ҳасану Ҳусейн Неъматовҳо, Абдуқодир Маҳмудов, Камол Охунов кӯчаҳо номгузорӣ шудаанд. Қасри фарҳанг ва маорифи шаҳр ба номи иштирокчии ҶБВ, дорандаи ордени «Ленин» Абдураҳмон Маҳмудов номгузорӣ ва дар ҳавлии истиқоматии иштирокчиёни ҶБВ Юсуф Ҷӯраев, Шодӣ Фозилов, Раҳим Солиев, Абдуқодир Маҳмудов, Аъзам Маҳмудов лавҳаҳои ёдбуд бунёд шудаанд, — мегӯяд раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан Абдуваҳҳоб Қаюмов ва суҳбатро ҷамъбаст менамояд:
-Мо, пеши корнамоиҳои бемисли сарбозони Ватан сари таъзим фуруд меоварем. Сари таъзим фуруд меорем пеши онҳое, ки сахтию маҳрумиятҳои солҳои ҷангро ба дӯш гирифта, ранҷу дарду азобҳоро пушти сар кардаанд. Мо — ворисон сари таъзим фуруд меорем ва аҳсант мегӯем ба онҳое, ки Ватани харобазорро обод карданд ва бо ҳаёту зиндагии хеш нишон доданд, ки зиндагии насли музаффар чӣ гуна бояд бошад?
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»