Сафарнома

«Корвони дӯстӣ» боиси таҳкими робитаҳо мегардад

№89 (4509) 20.07.2022

180500_900Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 2-3 июни соли равон сурат гирифт, дар қатори дигар масъалаҳои муҳим ба роҳ мондани ҳаракати қатораи хатсайри Душанбе — Тошканд низ баррасӣ гардид. Бинобар файсалаи роҳбарияти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, 20 июни соли равон пас аз 30 соли таваққуф ҳаракати қатораи хатсайри Душанбе — Тошканд — Душанбе дубора ба роҳ монда шуд. Ба ин муносибат вокзали шаҳри Душанбе қабои идона ба бар гирифт.

Садои мусиқии дилангез қалбҳоро фараҳ бахшид. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим мусофирони нахустинро ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш муборакбод гуфта, онро барои сокинони ҳар ду кишвари ҳамсоя муҳим арзёбӣ намуд.

- Тоҷикону ӯзбекон аз азал дӯсту ҳамсоя буда, муштаракоти зиёд доранд. Ифтитоҳи ин хатсайр барои сокинони ҳар ду ҷумҳурӣ рӯйдоди бузурги таърихӣ мебошад, — гуфт Азим Иброҳим.

Сипас, қатора ба роҳ баромад. Дар ин хатсайр, ки «Корвони дӯстӣ» ном дошт, дар қатори дигар мусофирон собиқадорони меҳнат, фаъолони ҳизбию ҷамъиятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма аз расонаҳои гуногун шомил буданд.

Азбаски аксар сокинони мамлакат пешакӣ аз ифтитоҳи хатсайри зикршуда огоҳ буданд, хурду калон дар ду тарафи роҳи оҳан саф кашида, ҷониби қатора дастафшонӣ карданд. Мо дар вагони якум ҷой гирифтем. Роҳбаладамон Аҳрорбек Бобоназаров буд. Ӯ дар ин соҳа собиқаи беш аз 30 — сола дошта, аз ифтитоҳи хатсайр хушнудӣ намуд.

- Вагонҳое, ки барои хатсайри Душанбе — Тошканд интихоб шуданд, истеҳсоли корхонаи вагонсозии Крюковскийи Украина буда, дорои кондитсионер, ҳавотозакунак, яхдон, радио, васлкунаки барқӣ барои нерудиҳии телефон, обҷӯшони барқӣ ва системаи гармидиҳӣ мебошанд. Як вагон барои 58 мусофир пешбинӣ шудааст. Қаблан онҳо дар хатсайри Душанбе — Москва хизмат мерасониданд. Баъд аз бемории COVID-19 ҳаракати қатора ба хатсайрҳои беруна қатъ шуд. Сипоси бепоён ба роҳбарони ҳар ду кишвари ҳамсоя, ки орзуи деринаи сокинони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро амалӣ намуданд, — гуфт Аҳрорбек Бобоназаров.

Дар ҳар вагон 800 литр об захира гардида, дар шаҳрҳои калон зарфи обзахиракунӣ дубора пур карда мешавад. Барои мусофирон се вақт ғизо мепазанд. Оби ошомидании сард ва ҷӯшондашуда низ доимо дастрас аст. Дар намолавҳа истгоҳи навбатӣ ва вақти расидан ба он навишта мешавад, то мусофирон огоҳ бошанд.

Дар ин хатсайр роҳбаладони собиқадор, зану шавҳар Саидалӣ Исроилов ва Дилбар Самирова низ ба мусофирон хизмат расониданд. Зимни суҳбат маълум шуд, ки собиқаи кории онҳо дар якҷоягӣ 50 солро ташкил медиҳад. Писарашон Акбар низ аз пайи волидайн рафта, роҳиоҳанчӣ мебошад.

«Корвони дӯстӣ» баъд аз каме таваққуф дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода соати 2055 ба гузаргоҳи сарҳадии «Қудуқли»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон расид. Сарҳадбонону гумрукчиёни ӯзбек мусофиронро бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ «хуш омадед» гуфта, расмиёти заруриро иҷро ва ба шиносномаҳо муҳр заданд.

Пас аз анҷоми тафтишу ба ҷо овардани расмиёти гумрукӣ ва марзбонӣ, қатора ба роҳ баромад. «Корвони дӯстӣ» истгоҳҳои Сариосиё, Деҳнав, Шурчӣ, Қумқурғон, Бойсун, Акробод, Деҳқонобод, Клирма ва Тошгузарро гузашта, соати шашу даҳ дақиқаи субҳи 21 – уми июн ба маркази маъмурии вилояти Қашқадарё – шаҳри Қаршӣ расид. Дар гузашта ин шаҳр Насаф ном дошта, зодгоҳи шоири маъруфи адабиёти классикии тоҷику форс Сайидои Насафӣ мебошад.

Яке аз ҳамсафаронамон, сокини шаҳри Душанбе Малоҳат Эшонқулова иброз намуд, ки қатораи хатсайри Душанбе — Тошканд махсусан барои пиронсолон, занони кӯдакдор ва беморон муфид аст.

Сокини деҳаи «Тиллои сафед»-и шаҳри Ваҳдат, собиқадори меҳнат Мирсодиқ Қодиров низ аз ифтитоҳи хатсайр изҳори хушӣ намуда, гуфт, ки ҳар сол ба аёдати хешовандонаш ба ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ меояд. Агар бо роҳи мошингард ба якчанд нақлиёт савор шудан лозим ояд, бо қатора ин ташвиш аз байн меравад.

Пас аз тай кардани 916 километр қатораи хатсайри Душанбе — Тошканд дар вақти муайяншуда (соати 1343) ба Вокзали марказии шаҳри Тошканд расид. Мусофирони нахустини «Корвони дӯстӣ» — ро мизбонон бо карнаю сурнай ва гулдастаҳо пешвоз гирифтанд. Дар маросими тантанавӣ бахшида ба омадани нахустин қатораи Душанбе — Тошканд муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусамад Муъминов хизматҳои роҳбарияти олии ҳар ду кишвари ҳамсояро дар таҳкими робитаҳои дуҷониба таъкид намуд.

- Басо рамзист, ки бародарони тоҷикистонӣ қатораи нахустинро «Корвони дӯстӣ» ном ниҳоданд. Аз қадимулайём корвонҳо пули дӯстии халқу миллатҳо буданд. Онҳо мардуми кишварҳои гуногунро аз лиҳози иқтисодӣ, маънавӣ ва сиёсӣ ба ҳам мепайвастанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки «Корвони дӯстӣ» пули ­мустаҳками дӯстӣ миёни халқҳои асрҳо бо ҳам бародар хоҳад гашт, — гуфт Абдусамад Муъминов.

Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода аз иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бобати густариши робитаҳои дуҷониба изҳори сипос намуда, ин ҳодисаи фараҳбахшро ба ҳама муборакбод гуфт.

- Тоҷикистону Ӯзбекистон шарикони муҳими стратегӣ буда, мардуми ин ду ҷумҳурӣ аз қадим бо ҳам ёру бародар буданд. Боварӣ дорем, ки аз баракати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии ҳар ду ҷумҳурии ҳамсоя робитаҳои дуҷониба боз ҳам бештар густариш меёбанд, — таъкид кард Шоиста Саидмуродзода.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз натиҷаҳои сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки зимни он 15 созишномаю ёддошти тафоҳум ва харитаи роҳ ба имзо расид, ёдовар шуда, ифтитоҳи хатсайрро самараи мулоқоти роҳбарияти олии ҳар ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуд.

- Умед аст, ки санадҳои зимни мулоқоти сарварони ҳар ду кишвар имзошуда амалӣ мегарданд ва робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама соҳа боз ҳам бештар густариш меёбанд, — гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Дар маросими тантанавӣ, инчунин собиқадорони соҳаи роҳи оҳан Собирҷон Абдураҳимов аз Тоҷикистон ва Мунаввар Маллаева аз Ӯзбекистон сухан гуфта, таманно карданд, ки дӯс­тии мардуми тоҷику ӯзбек бардавом бошад.

Пас аз анҷоми маросими тантанавӣ мизбонон меҳмонони тоҷикистониро ба тамошои боғи «Ӯзбекистони нав» бурданд. Боғи мазкур бо ташаб­буси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон дар ноҳияи Қибрайи шаҳри Тошканд бунёд ёфтааст.

Масоҳати он 104 гектар мебошад. Дар маркази боғ маҷмааи «Истиқлолият» қомат афрохта, дар он таърихи гузаш­таю ҳозираи Ӯзбекистон муҷассам аст. Ғайр аз дарахту буттаҳои ороишӣ ва гулгашту фаввораҳо, дар он ҷо амфитеатр бо панҷ ҳазор ҷои нишаст қомат афрохтааст. Дар роҳҳои дохилии он танҳо нақлиёти барқӣ, электросамокат, велосипедҳои дучархаю чорчарха (велорикши) ҳаракат мекунанд. Боғ шакли панҷкунҷа дошта, асоси онро дарахти муқтадир бо панҷ шоха ташкил медиҳад, ки он ифодакунандаи самтҳои стратегияи амал оид ба рушди Ӯзбекистон мебошад. Дар он 235 навъи дарахт шинонида шуда, теъдоди умумиашон ҳашт ҳазор бехро ташкил медиҳад. Як қисми ниҳолҳои дарахту буттаҳои ороиширо аз Италия ва Туркия овардаанд.

Дар болои маҷмааи «Истиқло­лият», ки баландиаш 60 метрро ташкил медиҳад, мурғи ҳумо чун рамзи сулҳу шукуфоӣ ва озодӣ мунъакис шудааст. Бо фаро расидани торикӣ чароғҳои замини атрофи маҷмаа фурӯзон шуда, мурғи ҳумо то субҳ чун чароғи сурх медурахшад. Ҳар рӯз ба боғ шаш ҳазор меҳмони хориҷӣ ва сокинони шаҳр ташриф меоранд.

Даромад ба боғи «Ӯзбекистони нав» ройгон буда, оянда дар он ҳавзи дорои шаршара, майдонча барои кӯдакон, тарабхона ва минтақаи истироҳатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.

Пас аз тамошои он ва қисмати марказии шаҳри Тошканд ба қатора баргаштем ва он тибқи нақша, соати 1615 ба ҳаракат даромад. Ин навбат дар вагони сеюм ҷой гирифтем, ки Ойбек Кенҷаев, Дилбар Аюбоваю Маҳина Сатторова роҳбаладони он буданд. Дар муддати кӯтоҳ роҳбаладон вагонро тозаю озода ва хушбӯю ороста карданд, ки таъби кас аз чунин хизматрасонӣ хуш мешавад.

Ин дафъа дар вагони мо панҷ нафар меҳмони фаронсавӣ буданд, ки ба шаҳри Самарқанд сафар доштанд. Онҳо аз он хушнуд буданд, ки боз як имкони хубу иловагии зудтар ба ин шаҳри бостонӣ рафтан фароҳам омад. Роҳбалади вагон Ойбек Кенҷаев бо забони англисӣ ба меҳмонон дар бораи одоби будубош дар Самарқанд маълумот дод. Меҳмонон аз муносибати ин ҷавони дидадаро розӣ буданд.

Бо ҳар касе, ки мулоқот мекардем, аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳар ду кишвари ҳамсоя изҳори миннатдорӣ карда, хоҳони густариш ёфтани робитаҳо ва боз ҳам содаю осонтар шудани рафтуомад буданд. Дар вақти истодани қатора бинобар набудани барқ кондитсионерҳо кор намекунанд. Ин барои мусофирон боиси ноҳинҷорӣ мешавад. Агар чунин тафтишот дар қатораи равон бо нав­бат аз гузаргоҳи Қудуқли оғоз ёфта, дар истгоҳи навбатӣ анҷом ёбад, ин мушкилӣ аз байн меравад. Ё ин ки намояндагони гумруки Ӯзбекистон тибқи шартномаи ҳамкорӣ ба Тоҷикистон омада, аз оғози ҳаракати қатора бонавбат тафтишу расмиёти гумрукиро оғоз намоянд, шояд то ба гузаргоҳи Қудуқли расидан он ба анҷом расад. Дар гузаргоҳи сарҳадӣ дар муддати кӯтоҳ шиносномаҳоро муҳр зананду қатораро гусел намоянд.

Ба ҳар ҳол ифтитоҳи хатсайри деринтизор барои сокинони ҳар ду ҷумҳурии ҳамсоя фоли нек аст. Боварӣ дорам, ки оянда шумораи хатсайри қатораҳо боз ҳам зиёдтар шуда, рафтуомади мусофирон осон мешавад.

Поянда бод дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек!

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Душанбе — Тошканд – Душанбе