Чанде пеш ҳайати меҳмонон бо роҳбарии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иборат аз 40 нафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ворид гардида, нахуст дар ноҳияи Дарвоз бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз Пӯлод Ватанов, дар ҳама деҳоти ноҳия бо қишрҳои ҷомеа мулоқоти судманд анҷом доданд.
«Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Ванҷ низ санъату ҳунарҳои мардумиро, ки ба намоиш гузошта шуда тамошо карданд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода оид ба ваҳдати миллӣ ва истиқлолият ҳамчун ду рукни пойдории миллат сухан намуда, зикр кард, ки имрӯз дар замони ҷаҳонишавии босуръат моро зарур аст, ки ин ду муҳимоти миллиро ҳифз намоем. Инчунин, оид ба тарбияи дурусти фарзандон, ҳамчун василаи аслии солими ҷомеа ибрози назар карда, нақши мактаб ва оиларо дар ин роҳ муҳим арзёбӣ намуд.
«Модарони ваҳдатсаро» дар дурдасттарин ҷамоати ноҳия-ҷамоати Рованд, дар охирин деҳоти ноҳия Пойи — Мазор бо сокинон мулоқот карданд.
Чунин вохӯриҳо дар деҳаи Вишхарвак, Ғӯмаст ва дигар деҳаҳо низ баргузор гардид.
Дар деҳаи Ғӯмаст диқати меҳмононро ҳунари усто Бовари ғӯмастӣ ҷалб кард. Онҳо ба маҳсули эҷоди устои чирадаст баҳои баланд дода, барои тавсеаи корхона ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон пешниҳодҳои ҷолиб карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо роҳбари Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 — 23 июли соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Корвони «Модарони ваҳдатсаро» меҳмони сокинони ВМКБ буданд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»