Тайи як ҳафта гурӯҳи кории «Корвони Ваҳдат» бо сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз боби сулҳу ваҳдат, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои милат, Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд суҳбату мулоқот дошт.
Яке аз ин мулоқотҳо дар толори Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки «Корвони Ваҳдат» аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил гардида, ба 19-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки соли ҷорӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад, бахшида шудааст.
Мирзошоҳрух Асрорӣ — раиси Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иброз намуд, ки сафари «Корвони Ваҳдат» ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин чорабиниест, ки дар доираи барномаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ амалӣ гардид.
Зикр шуд, ки солҳои охир Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Симои ҳар ноҳия зебою диққатҷалбкунанда ба назар мерасад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва сафарҳои файзбору ояндасози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бадахшон ба «дарвозаи тиллоӣ» мубаддал гардидааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар доираи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ, гузаронидани рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Суғду Хатлон, фестивали ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон», конференсияи ҷумҳуриявӣ «Оид ба нақши занон дар таъмини сулҳу субот», мизи мудаввар «Оид ба нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷумҳурӣ», фестивали ҳунарҳои мардумии сокинони вилоят, фестивали «Навои Бадахшон» ва даҳҳо чорабиниҳои дигари фарҳангӣ-маърифатӣ пешбинӣ шудааст.
Ш. Шоҳқосим, «Садои мардум»