Сокинони вилояти Хатлон хабари дар натиҷаи офати табиӣ зарари ҷиддӣ дидани сокинони ноҳияи Шуғнон ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро шунида, аз нахустин рӯзҳои рух додани ин воқеа ҳамраъйиву ҳамдилии хешро бо сокинони ин гӯшаи азизи Ватан изҳор намуданд. Дар рӯзҳои рух додани ин воқеаи нохуш дар Хатлонзамин ҳама якдилона аз омодагии хеш барои кумак ба зарардидагони офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарф мезаданд.
Натиҷаи ҳамин якдилию якмаромӣ буд, ки онҳо даъвати раиси вилояти Хатлон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро бобати дастгирӣ ва кумак ба мардуми зарардида бо дилу ҷон қабул намуданд ва дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, корвони мошинҳои пурборро ба ҷониби ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона намуданд.
Корвони мошинҳо аз маводи ғизоӣ, аз қабили орд, биринҷ, шакар, равған, пиёз, картошка, намак, инчунин кӯрпаю кӯрпача, болишт ва дигар воситаҳои рахти хоб, ҳамчунин 25 номгӯйи дорувориҳои гуногун ва масолеҳи зарурии сохтмонӣ иборат мебошад, ки тибқи иттилои мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоотию таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Баҳром Миров беш аз 105 тонна ва арзиши умумии 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин кори хайру савоб сокинони қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва намояндагони иттиҳодияҳои динӣ ҳиссаи хешро гузоштанд.
Сокини ноҳияи Вахш Ҳоҷӣ Мирзо Сулаймонов, ки дар иҷрои ин амали хайр ҳиссаи хоксоронаи худро дорад, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки мардуми Тоҷикистон туфайли сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шароити сулҳу оштӣ, якдигарфаҳмӣ ва дӯстию рафоқат кору зиндагӣ намуда истодаанд. Аз ин рӯ, ҳодисаи нохуши ба сари мардуми диёри зебоманзари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадаро онҳо ҳамчун дарди худ қабул намуданд.
Сокинони вилояти Хатлон омодаанд, ки дар оянда низ бо қадри қудрату тавоноӣ ба бародарони бадахшонӣ кумак расонанд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»