Кумаки пешвои миллат ба ниёзмандони ВМКБ

№66 (4328) 18.05.2021

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр ба 122 шахси дорои имконияти маҳдуд — сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аробачаҳои маъюбӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орду шакар, равғану макарон ва биринҷ тақдим карданд.

Дар маросими дастрас намудани онҳо муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгор Файзов, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Фирдавс Ҳаётзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода суханронӣ карданд.

Ёдгор Файзов иброз намуд, ки Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар мадди назар қарор дода, баҳри ҳар чӣ беҳтару хубтар намудани шароити зиндагии онҳо пайваста чораҷӯӣ менамоянд.

Ӯ, ҳамчунин, ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои таъсис додани филиали Заводи ортопедӣ дар шаҳри Хоруғ, ташкили Маркази тавонбахшӣ барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд дар ноҳияи Роштқалъа изҳори сипос намуд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»