Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои раъиятпарваронаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Восеъ кумаки иҷтимоӣ расонида шуд.
Тавре зимни суҳбат раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода иброз намуд, иқдоми мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ роҳандозӣ гардида, ба оилаҳои зарардида панҷ тонна орд ва панҷ тонна равған кумак карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 18-уми майи соли ҷорӣ бар асари боронгариҳои пуршиддат сатҳи оби дарёи Ёхсу баланд гардида, ба деҳаҳои Кӯчабоғ ва Ниҳолпарвари деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ зарари ҷиддӣ расида буд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
“Садои мардум”