Дар яке аз сафарҳояшон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки мо Бадахшонро ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил медиҳем. Дар муддати кӯтоҳ ин нияти неки Пешвои миллат ҷомаи амал пӯшид.
А гар касе ба Бадахшон сафар кунад, аввал аз дарвозаи ВМКБ — ноҳияи Дарвоз мегузарад. Давоми чанд соли охир симои ноҳия ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Биноҳои зебои замонавӣ, театри сеошёна, меҳмонхонаи хуштарҳу боҳаво, маркази дӯзандагӣ барои бонувон, мағозаҳо, тарабхона ва минтақаҳои сайёҳӣ симои ноҳияро боз ҳам зеботар гардонидаанд.
Тавре ки маълум аст, сохтмони роҳи Кӯлоб — Нулванд — Хоруғ солҳои чилуми асри ХХ дар нақшаи Ҳукумати Шӯравӣ буд, вале аз як панҷсола ба панҷсолаи дигар гузаронида мешуд. Бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонӣ дар ин шоҳроҳи аср оғоз ёфт.
Соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мошини боркаши «ГАЗ — 66» аз ин роҳи мушкилгузар гузашта ва гуфтанд: «Девдара баъд аз якуним сол Гулдара мешавад…».
Ҳоло аз Девдара ва мавзеъҳои «Таёқпарто», «Ҷонталаб» ва «Хушиву нохушӣ»-и роҳи Кӯлоб – Дарвоз нишоне намондааст. Мусофироне, ки ба ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар мекунанд, хеле зуд ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон – ноҳияи Дарвоз мерасанд. Дигар аз он роҳу пайраҳаҳои мушкилгузар осоре нест.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар Паёмашон иброз намуданд: «Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешаванд».
Соли 2022 сохтмони қитъаи 93-километраи Қалъаихумб – Ванҷ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон оғоз ёфт. Дар ин минтақаи роҳ даҳҳо кӯпрук, долонҳои пешгирии тарма, нақбҳо ва ҷӯйборҳои обгузар сохта мешаванд.
Чанд моҳ пеш мо аз ин қитъаи роҳ гузашта, кори роҳсозонро наззора кардем. Шоир гӯё баъд аз дидани ин манзара навишта бошад:
Фиғони ваҳшиёна мекашад аз сина булдозер,
Ба зӯри девбандаш кӯҳи хоророкунад ҳамвор.
Зи қаъри кӯҳ мехезад ба гардун хоктӯфонҳо,
Зи қаъри кӯҳ меояд бурун дунёи пурасрор.
Ба сохтмончиён ду сол муҳлат дода шудааст ва дар ин муддат бояд роҳи нав бо тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сохта шавад.
10-уми июни соли равон сохтмони пули калонтарини шаҳри Хоруғ дар болои дарёи Ғунд оғоз ёфт, ки дарозии он 200 метрро дар бар мегирад. Ин пул дар мавзеи «Шарифстрой» сохта шуда, маркази вилоят – шаҳри Хоруғро аз танбашавии мошинҳо, бахусус мошинҳои вазнини боркаш, раҳо мекунад.
Он рӯз дур нест, ки ин қитъаи муҳими шоҳроҳи Кӯлоб — Дарвоз — Бадахшон — Кулма мавриди истифода қарор мегирад. Ин ободкориву созандагиҳо аз меваҳои шаҳдбори ваҳдати миллӣ мебошанд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ба қадри ин неъмати бебаҳо бояд расид.
Агар то ин замон аз саргаҳи Помир то Хатлон,
Ба туғён рӯдбори Панҷ ҷорӣ буду ҷорӣ аст.
Ба садҳо печутобаш қад-қади дарёи кӯҳистон,
Кунун бо роҳи кӯҳӣ роҳи дилҳо мешавад пайваст.
Н. ТИЛЛО,
«Садои мардум»