Тавре вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни вохӯрӣ бо курсантони Коллеҷи милитсия ва ятимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, курсантони Коллеҷи милитсия аввалин шогирдон ва таҳсилкунандагони ин даргоҳи илм ва интихобкардаи пайроҳаи падарон мебошанд, ки дар сафи мақомот ва дар назди давлату миллати хеш вазифаи муқаддаси худро бошарафона адо намудаанд.
Маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Дар робита ба ин, муассисаҳои таълимии замонавӣ бо тамоми шароиту таҷҳизоти зарурӣ бунёд мегарданд.
Ҷавобан ба чунин эътимоду боварӣ ва ғамхорӣ шунавандагонро зарур аст, ки бо рафтори намунавӣ ва дониши хубу аъло таҳсилро идома дода, фардо мутахассиси хуби ин соҳа гарданд.
Дар идомаи суханрониаш вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки шунавандагони коллеҷ баъди хатм номи баланду пуршарафи корманди милитсияро соҳиб шуда, дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ хизмат менамоянд, пайрави кори падар ва номбардори пайвандони худ мегарданд.
Бояд зикр намуд, ки Коллеҷи милитсия ва ятимони Вазорати корҳои дохилӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7августи соли 2014 таъсис дода шудааст. Айни замон зиёда аз 100 нафар дар он таҳсил доранд. Муҳлати таҳсил чор сол буда, дар он асосан фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, инчунин оилаҳои бесаробонмонда ва ятимон таҳсил мекунанд. Баъди хатми коллеҷ муҳассилин метавонанд дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилашонро идома диҳанд ва ё дар мақомот ба кор қабул гарданд.
Барои коллеҷи мазкур дар муҳлати кӯтоҳ дар шаҳри Кӯлоб як бинои замонавӣ бо шароити хуби таълимӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар чорабинӣ шунавандагони коллеҷи мазкур Азим Мӯсоев, Беҳрӯз Одинаев, Амонулло Бобоқулов, Ҷомӣ Қурбонов, аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарангиз Одинаева ва дигарон суханронӣ намуда, аз номи худ ва ҳамсабақонашон барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсил миннатдорӣ баён карданд.
Шунавандаи коллеҷ Ҷомӣ Қурбонов изҳор дошт, ки фарзанди корманди фавтидаи милитсия мебошад ва умед дорад давомдиҳандаи касби падараш шавад.
Умед аст, ки шунавандагони ин муассисаи таълимӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, дар ободию пешрафт, таъмини амният, пойдории сулҳу суботи кишвари азизамон саҳми босазо мегузоранд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»