Сокинони ноҳияи Лахш ба мавсими киштукори баҳорӣ омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Тавре Ато Ҷӯрабеков — муовини раиси ноҳия иттилоъ дод, қисми зиёди заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид ва чанд пойгоҳи обкашӣ барои обёрӣ бунёд карда шуда, каналҳо пурра таъмир гардидаанд.
Соли 2017 кишоварзони ноҳия дар майдони 2302 гектар картошка кишт намуда, 87017,5 тонна ҳосил ба даст оварданд. Дар маҷмӯъ, 24430 тонна картошка ба шаҳри Душанбе, 10530 — вилояти Хатлон, 330 — шаҳри Турсунзода, 1385 — шаҳри Ваҳдат ва 1498 тонна ба шаҳри Ҳисор фиристода шуд.
Бо тавсияи мутахассисон соли сипаришуда дар ноҳия тухмиҳои ба иқлими маҳал мувофиқ кишт гардида буд ва он барои рӯёнидани ҳосили хуб замина гузошт. Имсол дар назар аст, ки майдони кишти картошка дар ноҳия ба 3000 гектар расонда шавад. Бинобар ин, аз моҳи январи соли ҷорӣ тухмиҳои хушсифат дар сардхонаҳо барои кишти баҳорӣ захира карда шуданд.
- Дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархи картошка ҳар сол меафзояд. Агар захираи картошкаро мефурӯхтем, дар мавсими кишт нарх гарон мегардид ва дастрасӣ ба он ғайриимкон мешуд. Лахш мувофиқи иқлим ва тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ барои кишти картошка хеле мувофиқ аст. Аз ҳамин лиҳоз, сокинони ноҳия ҳамеша дар пайи зиёд намудани истеҳсоли ин маҳсулоти ниёзи мардум мебошанд, — гуфт А. Ҷӯрабеков.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»