Дар ноҳияи Лахш баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд.
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», комиссияи доимии ноҳиявӣ таъсис ёфтааст, ки дар асоси талаботи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба ин самт нигаронидашуда фаъолиятро роҳандозӣ кардааст. Дар ноҳия 98 комиссия — 1 комиссияи доимӣ дар шаҳрак, 9 комиссияи доимӣ дар деҳот ва 88 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст.
Соли 2019 аз ҷониби ҳайати комиссияҳои доимии шаҳраку деҳот 269 семинару машварат ва суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа, сокинони ноҳия ба риояи пурраи қонун ноил гардиданд.
Барои исботи суханон зикр бояд кард, ки дар давоми сол якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 320 рейди муштарак, 21 санҷиши фаъолияти комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассиса ва комиссияҳои ҷамъиятии кумитаи маҳаллаҳо гузаронда ва як ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. Нисбат ба қонуншиканӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суд пешниҳод шуд.
Ҳамчунин, қобили қайд аст, ки ҳар ҳафта рӯзи сешанбе аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мавзӯъҳо барои маърӯзаи имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ворид мегарданд, ки масъулин муҳтавои онро ба диққати намозгузорон мерасонанд.
Ба илова, дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи муштараки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва динии рӯҳониён, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳар моҳ дар масҷиди ҷомеи маркази ноҳия бо иштироки имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта машғулияти амалӣ оид ба омӯзиши талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ҳоло, тибқи тағйироти воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», маъракаҳои азодорӣ бо дуову фотиҳа бе додани таом баргузор гардида истодаанд. Ба ивази хароҷоти беҳуда, агар соҳибони майит хоҳиши амали хайр дошта бошанд, дар обод намудани маҳал, мактабу маориф, инчунин, дастгирии оилаҳои ниёзманд саҳм мегузоранд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»