Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ — техникӣ ва омӯзиш» анҷом мепазирад

№44 (4306) 08.04.2021

20210202_144601Дастгирӣ ва тақвият бахшидани низоми таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш (ТКТО)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими омода намудани мутахассисони баландихтисос дар бозори меҳнат рақобатпазир маҳсуб меёбад.

Рӯйдоди муҳими солҳои охири кишвар дар ин самт дар заминаи «Барномаи давлатии ислоҳоти низоми таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш барои солҳои 2012-2020» ва созишномаҳои грантӣ (№0453-TAJ, 0452-TAJ) ва қарзӣ (№3309- TAJ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд амалӣ намудани лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ — техникӣ ва омӯзиш» (ТТКТО) аст, ки 16 ноябри соли 2015 ба имзо расида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 370 аз 9 марти соли 2016 тасдиқ шудааст.

Ҳадафи асосии лоиҳа тақвияти низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш тавассути институтсионализатсиякунонии иштироки корфармоён дар раванди омодасозии мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир аст. Дар доираи лоиҳа методологияи нави таълим ҷорӣ гардида, заминаи моддии муассисаҳои мавриди ҳадаф навсозӣ шуданд. Ҳамчунин, дастрасӣ ба омӯзиши босифат таъмин ва идоракунии замонавии низомро қавӣ гардонд.

Муҳлати татбиқи лоиҳа панҷ солро ташкил дода, 31 марти соли равон бояд ба анҷом мерасид, вале бо сабаби пандемияи коронавирус як қисми нақшаҳо ҳанӯз амалӣ нашуда, муҳлати татбиқ тамдид карда шуд.

Тибқи лоиҳа, аз рӯи 17 ихтисос стандартҳои салоҳият, барномаҳо, лавозимоти таълимӣ таҳия ва омода шуданд. Аз 29 муассисаи банақшагирифташуда, аз ҷумла 21 литсей,  дар 26 муассиса таъмиру барқарорсозӣ пурра ба анҷом расида, дар се муассисаи боқимонда ҳаҷми корҳо 73 фоиз иҷро гардидаанд. Дар муассисаҳо 112 синфхона, 68 устохона, 87 утоқи корӣ ва утоқҳои дигар, аз қабили маҷлисгоҳ, толор барои тренинг, ошхона, ҳоҷатхона, китобхона бо толори электронӣ ва толори варзиш таъмир шуданд.

Масалан, дар Литсеи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе панҷ синфхона, се утоқи корӣ, бойгонӣ, даромадгоҳ ва намои бинои таълимӣ — истеҳсолӣ, ҳоҷатхонаҳои мардонаву занона, хатҳои корезӣ ва обгузаронӣ, бинои хобгоҳ  бо маҷлисгоҳ, китобхона, 29 ҳуҷраи хоб, ду ошхона, чор ҳуҷраи ёрирасон, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, ду ҳаммом — занона ва мардона таъмир ва барқарор гардиданд. Ҳарчанд ҳанӯз бо сабаби ворид нашудани таҷҳизоти аз хориҷи мамлакат харидоришуда як қисми корҳои таъмиру тармим ба анҷом нарасидаанд, директори литсей Шаҳло Сироҷова ва омӯзгорон аз ҷараёни корҳо изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

Дар бинои асосии Литсеи касбӣ — техникии сохтмони шаҳри Душанбе, ки аз ду ошёна иборат аст, намои бино ва боми он, панҷ синфхона, утоқи методӣ, толори машваратӣ, ҳафт утоқи корӣ, се ҳоҷатхона ва се ҳуҷраи ёрирасон бо сифати хуб навсозӣ карда шуданд. Саҳни ҳавлии литсей мумфарш гардида, шаш устохонаи таълимии истеҳсолӣ, ҳуҷраи либосивазкунӣ, хатти корезу обгузаронӣ ва системаи ҳавотозакунӣ низ ҷавобгӯ ба талаботи рӯз таъмиру тармим гардида, дар устохонаҳо дастгоҳҳои нави замонавӣ насб карда шуданд. Яке аз хобгоҳҳои литсей — 4 ошёна бо ошхона, 42 ҳуҷраи хоб, 5 ҳаммоми мардонаву занона, хатҳои корезу обгузаронӣ, системаи ҳавотозакунӣ, намо ва боми бино таъмир ва бо мебелу таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд.

- Дар литсей истгоҳи барқии офтобӣ насб карда шудааст, ки аз 18 панели офтобӣ иборат буда, иқтидори умумии барқистеҳсолкуниаш 0,4 киловатт/соатро ташкил медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ чор кабинети компютериро бо барқ таъмин менамояд, — мегӯяд сарвари литсей  Саидмурод Шарипов.

- Ҳамчунин, аз ҳисоби лоиҳа дар литсей барои истеҳсоли неруи барқи «сабз» озмоишгоҳи барқии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил карда шудааст, ки аз ду дастгоҳ барои истеҳсоли неруи барқ аз офтоб, дастгоҳ барои истеҳсоли барқ аз об, ду таҷҳизот барои истеҳсоли неруи барқ аз бод (шамол), обгармкунак тавассути неруи офтоб, таҷҳизот барои таъмири яхдону кондитсионерҳо ва телевизор, ки дар он амалиёти компютерӣ истифода мешаванд, иборат мебошад. Дастгоҳҳо аз ҳисоби неруи офтоб ва бод барқ истеҳсол карда, манбаи барқароршавандаи энергия маҳсуб меёбанд ва дар тавлиди барқи иловагӣ ба литсей хизмат мекунанд. Ҳамчунин, дар литсей дастгоҳи муосири озмоишии биологӣ барои истеҳсол кардани нуриҳои минералии кишоварзӣ ва сӯзишвории газ аз пору насб шудааст.

Корҳои анҷомёфта дар Литсеи касбӣ — техникии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе аз таъмиру тармими ҳафт синфхона,10 утоқи корӣ, се устохонаи таълимӣ, ду ҳоҷатхона ва намои пурраи бино иборатанд. Бинои ошхона низ пурра таъмиру навсозӣ шудааст, ки аз толори хӯрокхӯрӣ, ҷойи хӯроктайёркунӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Дар доираи лоиҳа ба барномаҳои таълимии маълумоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш ворид кардани қисматҳои коркарди неруи тоза, таҳияи лавозимоти таълимӣ оид ба рушди малака дар самти коркарди неруи тоза, инчунин, омӯзонидани кор бо таҷҳизоти гузошташудаи коркарди неруи тоза ба омӯзгорон ва касбомӯзон пешбинӣ гардидааст. Барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва иқтидори парки техникӣ, муассисаҳои мазкур бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ — лабораторӣ низ муҷаҳҳаз шуданд. Пурра ба анҷом  расидани лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ — техникӣ ва омӯзиш» шароити таълиму омӯзишро дар муассисаҳои мавриди ҳадаф назаррас беҳтар намуда, имкон фароҳам меорад, ки мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир омода шаванд.

Н. НИЗОМӢ,

А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»