Луай Исо: «Мақсад зистан дар сулҳу осоиштагист»

№ 10.01.2022

Давлати Фаластин сарзамини дорои таъриху тамаддуни бостонӣ ба шумор рафта, аз қадимулайём таваҷҷуҳи абарқудратҳоро ба худ ҷалб намудааст. Сафири фавқулода ва Мухтори он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо 7 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ҳарчанд масоҳати Фаластин ҳамагӣ 27000 километри мураббаъро ташкил диҳад ҳам, иқлими он хеле гуногун ва фарқкунанда аст. Масалан, дар як қисматаш ҳавои сарди кӯҳистонӣ бошад, дар тарафи дигар ҳавои хушки биёбонӣ ҳукмфармост. Фаластин нуқтаи васл миёни Осиё ва Африқост.

- Ин сарзамини хушманзара бо баҳрҳои Мурда, Миёназамин ва Сурх ҳамҳудуд мебошад. Аз рӯйи маълумоти соли 1900, мусулмонон 85 дарсад, насрониҳо 10 дарсад ва яҳудиён 5 дарсади аҳолии Фаластинро ташкил медоданд,- гуфт Луай Исо.

Баъдан бо дахолати Британияи Кабир, Фаронса ва Германия раванди кӯчонида овардани яҳудиён аз Аврупо ба Фаластин оғоз ёфт. Соли 1947 дар ҳудуди Фаластин давлати Исроил таъсис ёфт. Миёни солҳои 1949- 1967 қариб 78 дарсади ҳудуди Фаластин ба дасти Исроил гузашт. Ҳазорҳо фаластиниён аз сарзамини аҷдодиашон берун карда шуданд.

Луай Исо иброз намуд, ки ҳоло 7 миллион фаластиниён берун аз сарзамини аҷдодиашон зиндагӣ мекунанд. Низомиёни исроилӣ 590 деҳаи фаластиниёнро хароб карда, ба ҷойи онҳо шаҳракҳои яҳудинишин бунёд намудаанд.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам кормандони пулис ва низомиёни исроилӣ бо ҳар баҳона  фаластиниёнро боздошт ва зиндонӣ мекунанд. Тақрибан 5000 фаластиниён танҳо барои ҳифзи хонаю боғу киштзорашон ба муддати то 30 сол зиндонӣ шудаанд. Чанде пеш як гурӯҳ боздоштшудагони фаластинӣ иброз доштанд, ки то замони муайян шудани сабаби  боздоштанашон даст ба гуруснанишинӣ  мезананд. Зеро онҳо ҳафтаҳост, ки бесабаб боздошт шудаанд.

- Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба кирдори низомиёни Исроил то ҳол 70 қарор қабул намуда бошад ҳам, вале мутаассифона, ягонтои он татбиқ нашудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад вобаста ба қазияи Фаластин хомушӣ ихтиёр кардааст,- гуфт Луай Исо.

Сафир дар бораи робитаҳои Тоҷикистону Фаластин гуфт, ки қарор буд соли 2021 Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Фаластин баргузор  гардад, вале он бинобар пандемияи COVID — 19  мавқуф гузошта шуд. Умед аст, ки бо беҳтар шудани вазъият ин мулоқоти муҳим баргузор гардад.

- Мардуми Фаластин зидди хушунату зӯроварӣ буда, дар фазои сулҳу оромӣ зистан мехоҳанд. Новобаста ба ҳар гуна фишору таҳдидҳо фаластиниён фарҳанг, таърих ва расму оинашонро ҳифз намуда, илму ҳунарро ганҷи бебаҳо ва сарвати беинтиҳо  мешуморанд,- гуфт дар охир Луай Исо.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»